Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Клипи Манижа барои Евровидение - 2021 рекорд гузошт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа Сангин
Певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Клипи Манижа Russian Woman дар Евровидение - 2021 беш аз 10,5 миллион маротиба боздид шудааст
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Видеои Манижа барои суруди Russian Woman рекорди нав дар канали расмии Eurovision Song Contest дар YouTube гузошт.
Видео рӯзи 10-уми март нашр шуд. Дар ин муддат, намоҳанги Russian Woman беш аз 10,5 миллион маротиба тамошо шудааст.
Наворро беш аз 260 ҳазор нафар писандида, тақрибан 170 ҳазор тамошобин ба он мухолифат кардаанд. Қариб 180 ҳазор корбар зери видео шарҳҳо гузоштанд.
Ҳамин тариқ, клипи Манижа Russian Woman дар Евровидение - 2021 маъруфтарин шуд.
Манижа на Евровидении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа имкони худро дар Евровидение арзёбӣ кард: маро финал интизор аст
Дар ҷои дуввум Сербия қарор дорад, ки онро гурӯҳи Hurricane бо суруди LOCO LOCO (9 миллион) муаррифӣ мекунад.
Дар зинаи саввум Малта аст, ки сароянда Destiny аз он бо суруди Je Me Casse (беш аз 7 миллион) ба Евровидение 2021 меравад.

Евровидение 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердами Ҳолланд аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ҷашнвори мусиқии Евровидение - 2021 имрӯз оғоз ёфт. Дар ин озмун 34 ҳунарманд сабқат мекунанд ва исми ғолиби ҷашнвора рӯзи 22 май эълон хоҳад шуд.
Певец Филипп Киркоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Мухлиси ӯям: Киркоров дар Евровидение - 2021 аз Манижа ҳимоят кард
Дар ин озмун 39 кишвар, аз ҷумла Русия ширкат хоҳанд кард. Кишварро дар Евровидение 2021 овозхони тоҷиктабор Манижа бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад.
Ҳарчанд ин тарона мавриди истиқболи гарми кишварҳои Аврупо гардид, аммо дар Федератсияи Русия онро таҳқири тамоми занони рус номиданд.
Лентаи хабарҳо
0