Путин хостори қатъи хушунат дар ҷанги Исроилу Фаластин шуд

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Владимир Путин талаб кард, ки қатли шаҳрвандон дар ҷараёни низои мусаллаҳонаи Фаластин ва Исроил қатъ карда шавад
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки хушунати ҳарду ҷониб дар муноқишаи Фаластин ва Исроил хотима ёбад.
Чунин изҳороти президент дар маросими супоридани эътимодномаҳо аз ҷониби сафирони давлатҳои хориҷӣ рӯзи сешанбе садо дод.
"Мо хотима бахшидани амалҳои хушунатомези ҳарду ҷонибро ҳатмӣ мешуморем" -таъкид кард Путин.
Владимир Путин- Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин
Президенти Русия
Вай афзуд, ки ҳалли вазъияти пуршиддат дар Ховари Миёна бояд дар асоси қарори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷуста шавад.
Ҳамчун узви доимии Шӯрои Амнияти СММ, Русия мекӯшад, ки дар ҳалли "бӯҳронҳои шадид ва ҳалли бисёр мушкилоти дигари таъҷилии байналмилалӣ" саҳм бигирад.
Русия дар эътидоли вазъи Сурия мусоидат мекунад, ба воситаи миёнравии кишвар таниш дар Қарабоғи Кӯҳӣ бозистонда шудааст.
Ба гуфтаи Путин, қатъи амалиёти ҷангӣ миёни Исроил ва Фаластин бо истифодаи принсипҳои ба расмият шинохтаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба даст хоҳад омад.
Президенти Федератсияи Русия гуфт, ки кишвар шиддат гирифтани низоъ дар Шарқи Наздикро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунад.
"Сар задани муқовимати байни фаластиниҳо ва исроилиён аллакай боиси талафоти зиёди шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон шудааст", - таъкид кард сарвари давлат.
Фурӯ рафтани як бинои истиқоматӣ дар Ғазза аз зарби мушак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Биное дар Ғазза аз зарбаи Исроил дар як сония фурӯ рафт - навор
Дар ҷараёни ин чорабинӣ Путин мураккабии умумии вазъиятро дар ҷаҳон қайд кард. Ба унвони мисол, ӯ шиддат гирифтани равобити Исроил ва Фаластин ва низоъҳои минтақавӣ дар Афғонистон ва Либияро мисол овард.
Ёдрас мекунем, ки табодули ҳамлаҳои мушакӣ миёни артиши Исроил ва гурӯҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза 10 май оғоз ёфт. Афзоиши муноқиша дар натиҷаи ошӯбҳое, ки дар масҷиди Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба вуқӯъ пайваст, пас аз қарори суд дар бораи аз хонаҳояшон дар Шайх Ҷарра берун кардани оилаҳо сар зад.

Ҷанги Исроилу Фаластин

Даргирӣ миёни Фаластин ва Исроил аз душанбеи ҳафтаи гузашта ва пас аз поёни муҳлати муқовимати Фаластин ба Тел-Авив мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти Исроил дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шудааст.
Мақомоти Фаластин дар посух ба ҳамалоти Исроил, шаҳракҳо ва фурудгоҳҳои Исроилро мушакборон кард, ки дар ин ҳамалот 10 нафар яҳудиён ба ҳалокат расидаанд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Палестинец стоит перед огромной воронкой в ​​городе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Мақомоти Фаластин шумори кушташудаҳоро аз сӯи Исроил эълон кард
Пештар Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки теъдоди кушташудаҳо дар Ғазза ба 197 нафар афзоиш ёфтааст, ки дар миёни онҳо 58 кӯдак ва 34 зан мебошад. Манбаъ теъдоди маҷрӯҳон дар навори Ғаззаро 1235 нафар арзёбӣ кард, хабар дод радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин теъдоди кушташудаҳои Каронаи Бохтарӣ ва Қудсро 21 нафар ва теъдоди маҷрӯҳони онро ҳам беш аз 4369 нафар эълом кард.
Бар асоси ин гузориш, Исроил то кунун 90 сохтмон, аз ҷумла се бурҷи маскуниро дар Ғазза тахриб кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала