Раисони парлумони кишварҳои узви СААД ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото
Председатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ТАСС санаи 1 июл дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин бора ахиран раиси Думаи давлати Русия, раиси АП СААД Вячеслав Володин хабар додааст.
“Маълум аст, ки пандемия осори худро мегузорад. Ҳоло ин тадриҷан паси сар мешавад. Бинобар ин, умедворам, ки дар ояндаи наздик мо аллакай дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД, ки 1 июл баргузор мешавад, мулоқот хоҳем кард”, — таъкид доштааст Володин.
Тавре ки дар сомонаи АП СААД зикр карда шудааст, баргузории ҷаласаи сайёир Шӯрои ташкилот дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Флаги стран участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои СААД ба Душанбе меоянд
Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат аст.
Дар ҳоли ҳозир раёсати АП СААД ба дӯши раиси Думаи давлатӣ вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала