Шаҳриёр Даминов дар Русия барои роҳхати олимпӣ талош мекунад

© сомонаи Кумитаи олимпии ТоҷикистонШаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик
Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ ширкат мекунад.
Душанбе, 18 май - Sputnik. Шаҳриёр Даминов дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ, ки рӯзҳои 20-23 май дар шаҳри Барнаули Русия баргузор мешавад, зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Тибқи иттилои Кумита, рӯзи аввал варзишгарон барои 6 роҳхати олимпӣ, аз ҷумла Шаҳриёр Даминов дар байдаркаи якнафарӣ (С-1) дар масофаи 1000 метр сабқат мекунанд.
"Варзишгароне, ки дар шаш мусобиқа С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) – ҷои аввалро сазовор мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо менамоянд", - омадааст дар Кумитаи миллии олимпӣ.
Шахриёр Даминов, победитель Азиатских игр по байдарке в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2019
Шаҳриёр Даминов соҳиби медали тиллои мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ шуд
Манбаъ афзуд, дар Ҷоми ҷаҳонии каноэ иштироки беш аз 400 варзишгар аз 58 давлат дар назар аст.
Зикр шуд, ки Шаҳриёр Даминов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдор буда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки ҳамчунин барои такмили ихтисоси доварону мураббиёни қайиқронӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 моҳи июни соли 2019 курсҳои техникӣ барои мураббиёни қайиқрониро бо ҷалби коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Аднан Алиев аз Булғористон доир намуда, мураббӣ Зоҳирҷон Набиевро ба курси омӯзишии думоҳаи байналмилалӣ ба Будапешт сафарбар намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала