"Сурудбарак"-и Нигина ва Сито: Амонқулова қариб мебохт - навор

Овозхони номии тоҷик Нигина Амонқулова ва ҳунарманди зодаи Афғонистон Сито Қосимӣ дар сурудхонӣ "қувваозмоӣ" кардаанд
Тавре дар навори дар саҳифаи Нигина Амонқулова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаааст, дида мешавад, ин пешниҳодро Сито Қосимӣ кардааст ва хонум Нигина пазируфтааст.
"Нигинаҷон, биёед як антокшарӣ кунем. Антокшарӣ - яъне ба кадом ҳарфе оҳанг тамом шавад, бо ҳамон ҳарф як оҳанг (тарона - идора) мехонем", - тавзеҳ медиҳад вай.
Замзамаро Нигина Амонқулова оғоз мекунад ва Сито Қосимӣ идома медиҳад.
Таронаи тозаи ҳунарманди номӣ Нигина Амонқулова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Ид муборак: ҳадяи Нигина Амонқулова ба мухлисонаш
Ҳамин тавр ҳарду ҳудуди 7 дақиқа "сурудбарак" мекунанд ва дар анҷом Сито Қосимӣ як таронаи ҳиндӣ мехонад ва мегӯяд, "д".
Нигиина Амонқулова, ки тибқи гуфтаи Сито бояд бо "д" таронаеро мехонд, ки бо ин ҳарф оғоз шавад, як таронаи ҳиндиро низ сароиданӣ мешавад, ки Қосимӣ ӯро "ислоҳ" мекунад ва мегӯяд, ин тарона на бо калимаи "дил", балки бо "тум" оғоз мешавад ва ҳарду механданд.
Дар ҳамин ҷо Сито Қосимӣ ба Нигина Амонқулова "вақт медиҳад" ва хонум Нигина Суруди миллиро "Диёри арҷманди мо" гӯён мехонаду аз вазъият мебарояд.
Ҳарду "қувваозмоиашон"-ро бо замзамаи таронаи Дӯстӣ" анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала