Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба Кӯлоб корвони кумак равон карданд

© REUTERS \ Mohammad IsmailМешки с бесплатной едой, пожертвованной нуждающимся, в Кабуле, Афганистан
Мешки с бесплатной едой, пожертвованной нуждающимся, в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Корвони кумакҳои башардӯстона аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб расид
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Кӯлоб, кумакҳои воридгардида аз маводи хӯрокӣ, либос, пойафзол, рахти хоб, картошка, пиёз ва масолеҳи сохтмонӣ иборат буда, зиёда аз 40 тоннаро дар бар мегиранд.
Тавре мақомоти шаҳри Кӯлоб иттилоъ додааст, ҳамарӯза ба сокинони аз офати табии зарардида аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумак расонида мешавад.

“Баъди ба вуқӯъ пайвастани офати табиӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, Хатлон ва дигар шаҳру тобеи марказ кумакҳои башардӯстона расонида шуданд, ки он мушкили шаҳрвандонро хеле осон гардонид. Ҳоло зарардидагон бо хаймаҳои муваққатӣ, рахти хоб, хӯрокӣ, сару либос, пойафзол, нуктаи тиббӣ ва дигар шароит таъмин мебошанд”,- таъкид доштааст манбаъ.

Бояд гуфт, ки санаи 12 май аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корвони кумакҳо барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида расонида шуд.
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
“Русмостранс”-и Русия ба зарардидагони Кӯлоб кумак равон кард
Ҳоло барои бартараф намудани офати табиӣ масъулини КҲФ-и шаҳри Кӯлоб, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозиро идома дода, каналу ҷӯйборҳоро аз оби лойқа тоза намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.
Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0