Визаи ягонаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон: Тоҷикистон чӣ?

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДокументы, архивное фото
Документы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Visa Road Silk - ин номи раводиди истифодаи чандинкаратаи сайёҳӣ мебошад, ки роҳро ба бархе аз кишварҳои Осиё мекушояд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Қазоқистон ва Ӯзбекистон тамоми масъалаҳои техникии ҷорӣ намудани раводиди бисёрвақтаи сайёҳии Silk Road Visa - ро ҳал карданд, навиштааст Sputnik Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, танҳо тарафҳо бояд расмиёти тасдиқи дохилиро ба анҷом расонанд.
Муовини сарвазири Ӯзбекистон, вазири сайёҳӣ ва варзиш Азиз Абдуҳакимов изҳор доштааст, ки феълан санаи дақиқи комиссияи дуҷониба муайян карда мешавад.
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2020
Раводид ба Канада бар ивази 180 ҳазор сомонӣ: қалллобии сокини Душанбе
Ӯ афзуд, барои амалисозии лоиҳа, пойгоҳе фаъол хоҳад шуд, ки хориҷиён дар он метавонанд метавонанд дархост гузоран ва ҷавоб дар давоми 48 соат ироа мегардад.
"Як қатор кишварҳои дигар мехоҳанд ба лоиҳаи мо ҳамроҳ шаванд, Қирғизистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Бо Озарбойҷон баъзе коркардҳо вуҷуд доранд. Тоҷикистон, Муғулистон ва як қатор кишварҳои моварои Қафқоз метавонанд ба ин лоиҳа ҳамроҳ шаванд. Гуфтушунидҳо идома доранд", - гуфт Абдуҳакимов.
Вазорати фарҳанги Қазоқистон гуфт, ки раводиди Роҳи Абрешим метавонад шабеҳи раводиди Шенгени Аврупо шавад. Ин санад барои рафъи монеаҳои раводидӣ, гумрукӣ ва марзӣ ҳангоми убури гардишгарон аз марзҳои давлатҳои ҳамсоя кумак хоҳад кард.
Бори аввал идеяи раводиди ягона ба сайёҳон аз ҷониби Дарига Назарбаева, духтари Нурсултон Назарбоев, собиқ раисиҷумҳури Қазоқистон, моҳи июни соли 2018 пешниҳод шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0