Замонаи фоҷиаҳо: ҳалокати ду модару се фарзанд дар Деваштич

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Бар асари кӯчиши теппаи хокӣ панҷ узви ду хонавода дар ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расиданд
Душанбе, 18 май - Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, пас аз зуҳри 17 май дар деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич як зани 32-сола соҳиби хонавода бо ду ва зани ҳамсоя 23-сола бо як фарзандаш аз фурӯ рафтани теппа болои ошхона аз ҷонҳои худ маҳрум шудаанд.
“Хонаводаи мизбон барои сарфи ғизои чошт ҳамсояашро даъват мекунад, ки меҳмон шавад. Зани ҳамсоя бо фарзандаш ҳозир мешаванд ва бо зани соҳиби хонаву ду фарзандаш ҳамроҳ шуда, дар ошхона сари дастурхон менишинанд. Дар ин ҳангом теппае, ки дар таги он ошхона бино ёфта буд, чаппа мешавад ва ҳамагӣ таги лой мемонанд”, - гуфт як сокини деҳаи Дархон.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Аз хонаҳои зери обу лой монда то кӯчонидани аҳолӣ: КҲФ зарари сел дар Хатлону Ҳисорро гуфт
Бино ба иттилои манбаъи дигар, соҳибхона бо ду писараш, ки яке синфи сеюм ва дигарӣ синфи чорум мехонданд, аз хонаводаҳои Эшонқуловҳо ва меҳмону писарчаи яксолааш аз хонаводаи Ёқубовҳо будаанд.
“Ҷасадҳои онҳо дар пайи талоши мардуми маҳал ва мақомоти зидахл ба зудӣ аз дохили гилу хок берун оварда, ба маркази ташхиси тибби судии ноҳияи Деваштич интиқол дода шуд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, теппаи хокӣ ба эҳтимоли зиёд аз зиёд хӯрдани об фурӯ рафтааст.
“Дар ин теппа сафедор шинонда ва онҳоро қаблан об дода будаанд. Дар пайи зиёд обёрӣ шудан теппа ҳам нарм шуда, фурӯ рафтааст”, - гуфт яке аз онҳо.
Ба ҳамин минвол, дар деҳаи Дархон имрӯз ду ҷаноза, ки якеш аллакай соати 8 – и субҳ баргузор шуд ва дигаре, бояд соати 11 – и қабл аз зуҳр баргузор шавад. Дархон (собиқ Янгиариқи Боло) деҳае дар ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич буда, ҳудуди 3 ҳазор сокин дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала