AIBA ба ғолибони чемпионати Осиё 400 ҳазор доллар медиҳад

Баходур Усмонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс бори аввал дар таърихи ин чорабинӣ аз AIBA мукофотпулӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 19 май– Sputnik. Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Хазинаи ҷоизавии Қаҳрамонии Осиё-2021 400 000 долларро ташкил медиҳад, ки ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн тақдим карда мешавад.
"Барои варзишгароне, ки дар вазни худ, ҳам мардон ва ҳам бонувон ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм, ҳар кадом 2500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Умар Кремлев, президенти AIBA дар шарҳи ин иқдом изҳор доштааст, ки муштзанҳо бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд.
"Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд.”, - гуфтааст президенти AIBA.
Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс аз 21 май то 1 июн дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Дар ин чорабинии қоравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат мекунанд.
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
"Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи Назаров
Бонувони муштзани тоҷик - Сумайя Қосимова, Руҳафзо Ҳақназарова, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова дар ин сабқат иштирок мекунанд.
Миёни мардон Бахтовар Сагизов, Абдураҳмон Ёқубов, Баҳодур Усмонов (чемпиони феълии Осиё), Абдумалик Болтаев, Шаббос Негматуллоев, Ҷасур Қурбонов ва Сиёвуш Зуҳуров барои унвони қаҳрамонии Осиё сабқат мекунанд.
Кумитаи олимпии Тоҷикистон афзуд, ки варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала