БАТР барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар медиҳад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинПассажиры заходят в троллейбус на проспекте Рудаки. Архивное фото
Пассажиры заходят в троллейбус на проспекте Рудаки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Қарзу грантии навбатии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтарсозӣ намудани инфрасохтори троллейбус дар Душанбе равона мешавад
ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ”-ро тасдиқ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии Созишномаи грантӣ зикр шуд, ки санади мазкур 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.
ЛЭП. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
БАТР ба Тоҷикистон барои кам намудани талафоти неруи барқ маблағ ҷудо кард
Арзиши умумии лоиҳа 8 миллион доллар буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 миллион доллари ва маблағҳои грантӣ 2,8 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 миллион евро пешниҳод гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии маблағи грантӣ 2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 миллион доллар (транши 1) аз ҷониби Маҷлиси намояндагон аз 15 январи соли 2020 тасдиқ гардида, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 миллион доллар (транши 2) бо созишномаи алоҳида аз 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0