Дар Душанбе беш аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд

Обуна шудан
Дар Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зимни як амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетаминро мусодира карданд
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ғайриқонунӣ нигаҳдории 7 кило маводи нашъаовари сокини 39-солаи шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои Агентӣ ҳангоми боздошт аз дохили автомашинаи номбурда 4 адад дастгоҳи нави омодасозии афшура (миксер) 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст.
“Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ - Ҳошимҷон Зокирови 43-сола боздошт шуда, аз ӯ 6 килову 210 грамм маводи психотропии метамфетамин дарёфт ва мусодира шуд”, - омадааст дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 7 килову 393 граммро ташкил медиҳад.
1/2
2/2
Боздоштшудагон ният доштаанд, ки маводи нашъаоварро дар Душанбе фурӯшанд.
Таъкид шудааст, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Бояд қайд кард, ки метамфетамин - яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.
Лентаи хабарҳо
0