Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Истиқболи овозхонҳои Тоҷикистон аз Манижа: ӯ фахри мост - навор

Обуна шудан
Ҳунарнамоии Манижа Сангин, намояндаи Русия дар Евровидение, ки ҳоло ба даври финалӣ роҳ ёфт, на танҳо дар сархати расонаҳои русиву аврупоӣ, балки дар Тоҷикистон, ки зодгоҳаш аст, мавриди баҳси гарм қарор гирифт
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия ба даври ниҳоии ҷашнвораи Евровидение - 2021 роҳ ёфт.
Ҳунару истеъдоди ин овозхонро ҳамтоёни тоҷику ӯзбекаш бисёр воло баҳогузорӣ мекунанд.
Хабаргузории Фараж дар канали YouTube худ навореро ҷо додааст, ки дар он назари овозхонҳои тоҷику ӯзбек дар мавриди баромади Манижа дар Роттерам пурсида шудааст.
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ба пеш малика: бозтоби ҳунарнамоии Манижа дар расонаҳои ғарбӣ
Дар навори мазкур, аз ҷумла Ҳабиб Ҳакимов овозхони саршиноси тоҷик, баромади намояндаи Русияро муваффақ арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи Ҳабиб, ин суруд ба ҷашнвораи Евровидение бисёр мувофиқ аст.
Фейруз Ҳакимов ҳунарманди дигари тоҷик низ қайд намудааст, ки Манижа овозхони асил аст.
Вақте Манижаро ҳамчун намояндаи Русия дар ҷашнвораи мазкур интихоб карданд, ман пай бурдам, ки суруди ӯ бисёр воло аст, - афзудааст Ҳакимов.
Парвин Юсуфӣ сарояндаи маҳбуби тоҷик аз он мефахрад, ки Манижа зодаи Тоҷикистон аст.
Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон бо Манижа фахр мекунад.
Дар навори мазкур ҳамчунин чанд тан аз фарҳангиёни Ӯзбекистон низ дар мавриди шаъхсияти Манижа ва ҳунару истеъдоди ӯ ибрози назар намуданд.
Манижа Сангин, ки Русияро дар Роттердам бо суруди "Зани рус" намояндагӣ мекунад, аллакай ба даври ниҳоии ин озмун роҳ ёфт.
Баромади навбатии ин овозхон рӯзи 22 май сурат хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0