Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа дӯстписар дорад: нахустин суҳбати овозхон дар бораи ҳаёти шахсӣ

Обуна шудан
Манижа, овозхони тоҷиктабор, ки Русияро дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекунад, бори аввал ҳаёти шахсияшро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 май– Sputnik. Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, бори аввал дар маҳзари ом иқрор шуд, ки дӯстписар дорад.
Овозхон дар суҳбат бо нашрияи "Телепрограмма" изҳор дошт, ки дӯстписар дораду бо ӯ хушбахт мебошад.

"Мо дер боз якдигарро мешиносем, дӯстӣ доштем ва баъдан - мана...", - изҳор дошт Манижа Сангин.

Дар зимн ӯ дақиқ нагуфт, ки оё дӯстписараш феълан ҳамроҳаш дар Роттердам ҳаст ё на.
"Ин махфист", - бо ханда посух дод Манижа ва таъкид кард, ки дӯстдоштааш низ бо фарҳанг рабт дорад, аммо дар бахшҳои гуногун кор мекунанд.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео
Ба суол, ки оё ин ҳамон нафаре нест, ки Манижа ба мулоқот бо ӯ бо ашёи махсуси барҷастакунандаи андом омаду он афтид, посухи рад дод.

"Не, ӯ набуд. Мутаассифона. Зеро агар он вақт ӯ мебуд, бешак баланд механдиду инро ба шеваи шухие тоб медоду бароям низ баъдан зиндагӣ бо ин осонтар мебуд", - шарҳ дод ӯ.

Бо вуҷуди ин Манижа хеле эҳтиёткорона дар бораи ҳаёти шахсияш суҳбат мекунаду намехоҳад ин масоил зиёд оммавӣ карда шаванд.

Евровидение - 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам ҷараён дорад, ки 65 - умин аст. Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 ҳаққи баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд. Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст. Даври ниҳоӣ 22 май баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0