Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Манижа, овозхони тоҷиктабор, ки аз Русия намояндагӣ мекунад, ҳайати доварони Евровидение - 2021 - ро тасхир кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Манижа, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба даври ниҳоии Евровидение - 2021 роҳ ёфт.
Намояндаи Русия бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ карда, дар сегонаи аввалин овозхонҳое ворид гардид, ки ба финал роҳ ёфтанд. Нахустин даҳгона, ки ба финал роҳ ёфтанд, намояндагони Норвегия, Исроил, Русия, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина мебошанд.
Манижа ҳунарнамоии худро бо пироҳани калони гулдор оғоз кард, ки он аз пораҳои матое, ки мухлисон аз гӯшаҳои гуногуни Русия фиристода буданд, дӯхта шудааст. Пас аз чанде овозхон аз либоси калонаш бадар шуда, бо либоси сурх ҳунарнамоиро идома дод.
Ҳунарнамоии намояндаи Русия яке аз намоишҳои ҷаззоб дар даври ниманиҳоии озмуни Евровидение - 2021 арзёбӣ гардид. Дафъаи дигар тамошобинон зодаи Тоҷикистонро рӯзи 22 май хоҳанд дид.

Евровидение - 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам баргузор мешавад. Ин озмуни 65 - умин хоҳад буд.
Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 имкони баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд.
Певица Манижа (Манижа Сангин) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа матни суруди "Зани рус" барои Евровидение - 2021 - ро иваз кард
Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст. Қарор аст, даври ниҳоӣ рӯзи 22 май баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0