Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Баромади Манижа бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021: навор

Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии Евровидение - 2021 баромад кард. Суруди ӯ ғайриоддӣ буд ва баромадаш тамошобинонро ба ваҷд овард
Зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Русияро дар мусобиқаи Евровидение - 2021 намояндагӣ мекунад, пас аз баромади ду иштирокчӣ ба саҳна баромад.
Овозхон назди тамошобинон бо рӯймолу пироҳани калони гулдор намудор шуд. Ин пироҳан махсус барои Евровидение духта шудааст. Либоси Манижа аз пораи матоҳое, ки ҳаводорони овозхон аз тамоми гӯшаи Русия ба ӯ ирсол намуда буданд, дӯхта шудааст.
Аснои баромад, Манижа либоси худро "партофт" ва дар либоси сурх намудор шуд, ки дар пушти он номи сурудаш - Russian Woman навишта шудааст.
Российская певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Суруди Манижа ба ҷоизаи Eurostory Award пешбарӣ шуд
Намоиши саҳна ҳангоми баромади Манижа бисёр равшану диданӣ буд ва метавон гуфт аз миёни иштирокчиёни Евровидение яке аз таъсирбахштаринҳо буд.
Дар баробари Манижа дар саҳна боз чор бэк - овозхон ҳунарнамоӣ намуданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни баромади Манижа боз чанд экран ҳам фаъол буданд, ки калимаҳою шиорҳои бархоста аз суруди Russian Woman- ро пахш менамуданд.
Баромади фавқулодаи Манижа дар Евровидение - 2021 на танҳо ҳаводорон ва ровиёнро тасхир кард, балки боиси писанду баҳогузории волои доварон низ гардид.
Матни суруди Russian Woman моли худи Манижа буда, мусиқии он дар ҳамдастӣ бо оҳангсози исроилӣ Ори Авни ва Ори Каплан эҷод шудааст.
Суруди Манижа барои Eurovision - 2021 рекорди нав гузошт
Ёдовар мешавем. ки мусобиқаи Евровидение - 2021 дар Роттердам баргузор мегардад.
Ин мусобиқа аллакай 65 - умин аст. Нидерландҳо ҳаққи мизбони ин мусобиқа шуданро пас аз ғолибияти намояндаи худ дар соли 2019 ба даст оварданд. Он замон намояндаи ин кишвар Дункан Лоурес бо суруди Arcade ғолиби Евровидение - 2019 эълон шуд.
Даври ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд ва даври дуюм мебояд рӯзи 20 май доир гардад. Даври ҷамъбастӣ бошад рӯзи 22 май баргузор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала