Мулоқоти Лавров ва Муҳриддин: аз имзои барномаи ҳамкорӣ то ташкили алоқаи фаврӣ

© МИД РТСергей Лавров и Сироджиддин Мухриддин
Сергей Лавров и Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.
Онҳо аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.
“Гузашта аз ин, табодули фарогири афкор перомуни масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ бо тамаркуз ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт”, - қайд кардааст вазорати хориҷа.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки зимни музокирот вазирон ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи сентябри 2021 дар назар аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
© МИД РТГлавы МИД Таджикистана и России
Главы МИД Таджикистана и России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Главы МИД Таджикистана и России
Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар мавриди масъалаҳои муҳтавоии сафари дарпешистода алоқаи фаврӣ барқарор гардад.
Қайд карда шудааст, ки гуфтушунидҳо дар руҳияи созанда, ки хоси муносибатҳои шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мебошад, баргузор шуданд.
Ҳамзамон вазорати хориҷа таъкид доштааст, ки дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Русия барои соли 2021 ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0