Пахши пирамарди дучархарон: баъд аз садама марди 71-сола дар бемористон ба ҳалокат расид

© PixabayСломанный велосипед, архивное фото
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Вазорати корҳои дахилаи Тоҷикистон аз сар задани ду садамаи нақлиётии маргбор дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон нахустин садамае, ки дар он марди куҳансол 71-сола ба ҳалокат расид санаи 18-уми майи дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров сурат гирифтааст.
Бар иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, Саидалиев Манучеҳр, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Ахмедов Исмоилҷон, сокини 71-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи ин садама дучархарон Ахмедов Исмоилҷон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Задержанный водитель автомобиля Опель Астра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
ВКД: ронандае, ки пиёдагарди 42-соларо пахш намуду фирор кард, боздошт шуд
Ҳамзамон як ҳодисаи нохуш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” сар задааст.
Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон ин ҳодисаи нохуш рӯзи 18-уми май дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон рух додааст.
Ронандаи “Мерседес- Спринтер”, Сангинов Ҳайдарбой, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат , бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Раҳимҷонов Фахриддин, сокини 56 -солаи ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калонро пахш намудааст.
Ҳамзамон қайд шудаст, ки дар натиҷаи садама, пиёдагард Раҳимҷонов Фахриддин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои маазкур таҳқиқотро идома дода истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала