Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Русия ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузаштан ба хазинаи аксАмпула с вакциной против COVID-19 "Спутник V"
Ампула с вакциной против COVID-19 Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Русия ба Тоҷикистон ваксинаи Sputnik V - ро ройгон медиҳад
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ пас аз гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикаш гуфт, ки ҷонибҳо муборизаи муштарак алайҳи коронавирусро баррасӣ карданд.
Вай гуфт, ки дар ин нишаст масъалаи интиқоли ваксинаи русии Sputnik V ба Тоҷикистон ба таври ройгон ҳал мешавад.
Лавров афзуд, ки қаблан президенти Русия Владимир Путин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора мувофиқа карда буданд.
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Расулзода аз Мишустин хост, ба Тоҷикистон ваксинаҳои русии алайҳи COVID-19 диҳад
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аллакай бо ваксинаи AstraZeneca, ки дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад, алайҳи коронавирус эм мекунад.
Ҷумҳурӣ аз Чин низ бастаи навбатӣ иборат аз 150 ҳазор вояи ваксина мегирад. Бо вуҷуди ин, аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаҳои Русия бештар эътимод доранд, гуфт сарвазир Коҳир Разулзода дар мулоқот бо ҳамтои худ Михаил Мишустин.
Вай эълом дошт, ки Тоҷикистон аз Русия ваксинаи зидди коронавирус дархост кардааст.
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон дар феҳрасти гирандагони 2 миллиард доллар барои ваксина
Дар Душанбе ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон се ҳазор нуқта барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз коронавирус таъсис дода шудааст.
Тибқи Нақшаи миллии эмкунӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла табибон, мураббиён ва шаҳрвандони аз 50-сола боло ваксинаи AstraZeneca мегиранд.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ният дорад, ки беш аз 6 миллион шаҳрвандонро эм кунад. Аксари онҳо - 5,8 миллион - Sputnik V мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала