Сафорат даст доштани тоҷикон дар занозанӣ бо қирғизҳоро рад кард

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бар асоси иттилое, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастрас кардаанд, тоҷикистониҳо дар занозании гуруҳӣ бо қирғизҳо даст надоранд
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабарҳои ахири расонаҳоро дар мавриди занозании тоҷикону қирғизҳо дар ҷанубу ғарби Маскав, шарҳ дод.
Ба иттилои расонаҳои Русия, задухӯрди гуруҳӣ дар хиёбони Вернадский, хонаи 39 шоми 18 май рух дода, 15 нафар мизоҷони як қаҳвахона, ки тоҷикону қирғизҳо будаанд, занозанӣ кардаанд.
Сафорат мегӯяд, иштироки тоҷикистониҳо дар занозанӣ тасдиқ наёфт.
“Кормандони хадамоти консулӣ бо идораи пулиси ин маҳалла дар тамос шуданд ва мувофиқи маълумоте, ки гирифтанд, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст”, - иттилоъ дод Сафорат.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ТАСС бо такя ба Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав аз занозании тоҷикону қирғизҳо хабар дод.
Подростки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Ҷанги як ба як бо зеркунӣ тавассути "Мерседес" анҷомид: навори камераҳои назоратӣ
Манбаъ афзуд, ки иштирокдорони занозанӣ шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон буда, шаш нафари онҳо бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар идораи пулис ду нафар барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва 7 нафар барои майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, зикр шуда буд дар матлаб.
Таъкид шудааст, ки муноқиша байни хориҷиён бар асари хусумати шахсӣ авҷ гирифта, ангезаи маишӣ дорад.
Қаблан дар пайи таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон намояндагони ҷамъиятҳои ҳар ду кишвар аз муҳоҷирон даъват карданд, ки таҳаммулпазир бошанду вориди муноқишаҳои қавмӣ нагарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала