Тоқаев озими Душанбе шуд, ӯро Президент дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

© Пресс-секретарь Президента Казахстана Берик Уали/facebookПрезидент Касым-Жомарт Токаев прибыл в Душанбе с двухдневным официальным визитом по приглашению Президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Президент Касым-Жомарт Токаев прибыл в Душанбе с двухдневным официальным визитом по приглашению Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Қосим Ҷомарт Тоқаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 19 май, кишвардори Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев озими Душанбе шуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Гуфта мешавад, ба хотири пазироии меҳмони олимақом, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
День города в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Тоҷикистону Қазоқистон тасмим доранд равобити тиҷориро ба сатҳи нав бароранд
Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Бояд зикр намуд, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала