Замони бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЛицей №3 в городе Душанбе
Лицей №3 в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки дар Душанбе қарор дорад, замони бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро гуфт
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Русия ва Тоҷикистон қасд доранд дар моҳи июн ба бунёди панҷ мактаби нав дар ҷумҳурӣ шурӯъ кунанд.
Дар ин бора вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Ба гуфти вай, маросими гузоштани санги асоси сохтмони панҷ мактаби нав дар ҷумҳурӣ моҳи оянда баргузор хоҳад шуд.
"Лоиҳаи сохтани панҷ мактаб дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ки дар он ҷо таълим тибқи стандартҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад", - афзудааст Лавров.
Вай инчунин афзуд, ки тибқи нақшаҳо, мактаббачагони тоҷик метавонанд аз моҳи сентябри соли оянда таҳсилро дар ин макотиб оғоз кунанд.
Путин омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро нокифоя хонд
Хотиррасон мекунем, ки Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф лоиҳаҳои гуногунро амалӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, имрӯз дар Тоҷикистон 50 омӯзгори рус аз 18 минтақа кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0