Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Евровидение - 2021: навори пурраи даври дуюми нимниҳоӣ

Обуна шудан
Дар шаҳри роттердами Нидерланд даври дуввуми нимниҳоии ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 ҷараён дорад
Имсол 65 - умин озмуни мусиқии Евровидение баргузор мешавад. Мизбони ин ҷашнвора шаҳри роттердами Нидерланд мебошанд. Нидерланд пас аз ғолиб омадани Дункас Лоуренс дар соли 2019 ҳаққи баргузор кардани ин озмунро ба даст овард.
Ровиёни даври дуввуми ниманиҳоӣ низ Шантал Янзен, овозхонҳо Ян Смит ва Эдсилия Ромбли ва машшотаҳои онлайнӣ Никке де Ягер хоҳад буд.
Ба даври ниҳоӣ бояд намояндагон аз 17 давлат роҳ ёбанд, аз ҷумла овозхон Уку Сувисте (Lucky One), ки Эстонияро намояндагӣ мекунад, Senhit (Adrenalina) - Сан-Марино, Бенни Кристо (Omaga)) - Ҷумҳурии Чех, Стефани (Last Dance) - Юнон, Винсентом Буэно (Amen) - Австрия, RAFAŁ (The Ride) - Лаҳистон, Натальей Гордиенко (SUGAR) - Молдова, Daði & Gagnamagnið (10 Years) - Исландия, Hurricane (Loco Loco) - Сербию, Торнике Кипиани (You) - Гурҷистон, Анжелой Перистери (Karma) - Албания, The Black Mamba (Love Is On My Side) - Португалия, Victoria (Growing Up Is Getting Old) - Булғористон, Blind Channel (Dark Side) - Финляндия, Самантой Тиной (The Moon Is Rising) - Латвия, Gjon’s Tears (Tout l'Univers) - Швейтсария, Фир Ог Фламме (Øve Os På Hinanden) - Дания.
Пас аз баромади овозхонҳо раъйдиҳӣ сурат мегирад, ки дар он ҳам тамошобинон ва ҳам доварон иштирок мекунанд. Ба даври ниҳоӣ танҳо 10 нафар роҳ меёбанд.
Номи ғолиби ин озмун рӯзи 22 май эълон мешавад. Кишваре, ки намояндаи он ғолиби ин ҷашнвора мегардад, мизбони Евровидение - 2022 хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0