Ҳодисаи нохуш: шарҳи ВКД аз таркиши "Донгфенг" дар Деваштич

© PixabayПожарник, архивное фото
Пожарник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Хушбахтона ягон нафар дар пайи таркиш осеби ҷиддӣ надидааст
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи таркиши як мошини боркашро дар ноҳияи Деваштич тавзеҳ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, таркиши автомашинаи тамғаи "Донгфенг" -и бензинкашон субҳи имрӯз рух дод.
"20-уми майи соли равон, тахминан соати 10:00, дар натиҷаи ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар автомашинаи тамғаи "Донгфенг" (бензинкашон) ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич бархӯрда, оташ гирифтааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
"Донгфенг" таҳти идораи шаҳрванд Ҷӯраев Мансури 34 - сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштааст.
Тавре манбаъ меафзояд, хушбахтона дар пайи ин ҳодисаи нохуш нафаре осеби ҷиддӣ набардоштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад. Зарари расонидашуда муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала