Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Исми ҷавони дӯстдоштаи Манижа маълум шуд

Режиссёр Ладо Кватания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Ӯ феълан дар Роттердам қарор дорад. Пирӯзии нахустини Манижа Сангинро низ онҳо якҷоя таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Исми ҷавони дӯстдоштаи Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия маълум шуд, гузориш медиҳанд расонаҳои Русия.
Бино бар иттилои манобеъ, интихоби Манижа, Ладо Кватания ном коргардон ва клипсози Русия будааст.
Тавре сомонаи super.ru менависад, Кватания феълан Манижаро дар сафари Роттердам ҳамроҳӣ мекунад.
"Дар Роттердам аз рӯзҳои аввал дар бари овозхон марди миёнақад ва хоксореро пай пурданд, ки Манижа қариб доим бо ӯ буд. Маҳз бо вай Манижа нахустин қадаҳро, ки барои роҳ ёфтан ба финали Евровидение -2021 буд, бардоштааст", - менависад манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, навори шампоннӯшии Манижа ва Ладо дар Роттердам нашр низ шудааст.
Дӯстдоштаи Манижа- коргардон ва клипсоз Ладо Кватанияи 33-сола дар ҳаёти эҷодии Манижа фаъолона ширкат меварзад. Чунончи, Кватания коргардони таронаи машҳури Манижа - "Мама" будааст ва муаллифи ғояи баромади Манижа дар Евровидение низ Ладо будааст.
Кватания соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи кинои кинои Ню-Йорк таҳсил кардааст.
Вай муаллифи клипҳои рэпсароён Оксимирон, Хаски ва гурӯҳи Ленинград мебошад.
Ғайр аз он, Кватания барои Reebok, Adidas, PayPal, Google, Visa ва Yandex видеоҳо сабт кардааст.
Ҳоло ин мард бо ширкати продюсерии Hype Production ҳамкорӣ мекунад ва соли гузашта ба наворгирии аввалин филми пурраметражи худ - "Казнь" шурӯъ кард.
Феълан худи Манижа Сангин ин "ифшокориҳо"-и расонаҳоро шарҳ надодааст ва ин маълумотро тасдиқ накардааст.
Аммо пештар иқрор шуда буд, ки дӯстписар дорад. Овозхон дар суҳбат бо нашрияи "Телепрограмма" изҳор дошт, ки дӯстписар дораду бо ӯ хушбахт мебошад.
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Жириновский гуфт, аз Манижа мухлисӣ мекунаду пирӯзияшро мехоҳад
"Мо дер боз якдигарро мешиносем, дӯстӣ доштем ва баъдан - мана...", - изҳор дошт Манижа Сангин.
Дар зимн ӯ дақиқ нагуфт, ки оё дӯстписараш феълан ҳамроҳаш дар Роттердам ҳаст ё на."
Ин махфист", - бо ханда посух дод Манижа ва таъкид кард, ки дӯстдоштааш низ бо фарҳанг рабт дорад, аммо дар бахшҳои гуногун кор мекунанд.
Ба суол, ки оё ин ҳамон нафаре нест, ки Манижа ба мулоқот бо ӯ бо ашёи махсуси барҷастакунандаи андом омаду он афтид, посухи рад дод.
"Не, ӯ набуд. Мутаассифона. Зеро агар он вақт ӯ мебуд, бешак баланд механдиду инро ба шеваи шухие тоб медоду бароям низ баъдан зиндагӣ бо ин осонтар мебуд", - шарҳ дод ӯ.
Бо вуҷуди ин Манижа хеле эҳтиёткорона дар бораи ҳаёти шахсияш суҳбат мекунаду намехоҳад ин масоил зиёд оммавӣ карда шаванд.

Евровидение - 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам ҷараён дорад, ки 65 - умин аст. Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 ҳаққи баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд.
Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст.
Даври ниҳоӣ 22 май баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала