Кордкашӣ дар Рӯшон: масти қаблан судшуда, сокини 34 -соларо маҷрӯҳ кард

© Flickr / Mr Korn FlakesKnife
Knife - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини ноҳияи Рӯшон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз муноқишае дар ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад, ки бо бистарӣ шудани марди 34 -сола анҷомидааст.
Тибқи иттиллои ВКД, ҳодиса шоми 18-уми май рух додааст.
Марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯшон, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда гардидааст.
Автомобиль скорой помощи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2021
Кордкашӣ: ВКД ҳодисаи мудҳиши шаби соли навро гуфт
Гуфта мешавад, номбурда ҳангоми дар маркази ноҳия, дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
ВКД: марди 55-сола, ки ҳамсарашро корд зад, боздошт шуд
Ӯ бо марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша карда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ВКД мегӯяд, дастгиршуда, пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ суд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала