Дастури Путин барои кӯчондани шаҳрвандони Русия ва кишварҳои ИДМ аз Навори Ғазза

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЕжегодное послание президента РФ Федеральному Собранию
Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Роҳбари Русия дастур дод, ки кӯчондани русҳо ва шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки мехоҳанд минтақаи низоъро тарк кунанд, амалӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дастур дод, ки русҳо ва шаҳрвандони дигар кишварҳои ИДМ, ки мехоҳанд Навори Ғаззаро тарк кунанд, кӯчонида шаванд.
Фармони дахлдор дар бораи кӯчондани шаҳрвандонро аллакай сарвари давлат имзо кардааст.
Қарор дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Навори Ғаза дар натиҷаи амалиёти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Исроил қабул шудааст, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

"Ба Вазорати корҳои хориҷии Русия дар якҷоягӣ бо Хадамоти иктишофии хориҷӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия супориш дода шудааст, ки бо назардошти рушди вазъ дар Навори Ғазза шароити мушаххаси кӯчонидани шаҳрвандонро муайян кунанд", - омадааст дар фармон.

Қаблан Путин гуфта буд, ки вазъи Фаластин ва Исроил ба манфиатҳои амниятии Русия мустақиман таъсир мерасонад.

Ҷанги Исроилу Фаластин

Даргирӣ миёни Фаластин ва Исроил аз душанбеи ҳафтаи гузашта ва пас аз поёни муҳлати муқовимати Фаластин ба Тел-Авив мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти Исроил дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шудааст.
Палестинец стоит перед огромной воронкой в ​​городе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Харобкорӣ ва сӯхтор: оқибатҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Исроил ва Ғазза
Мақомоти Фаластин дар посух ба ҳамалоти Исроил, шаҳракҳо ва фурудгоҳҳои Исроилро мушакборон кард, ки дар ин ҳамалот 10 нафар яҳудиён ба ҳалокат расидаанд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Пештар Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки теъдоди кушташудаҳо дар Ғазза ба 197 нафар афзоиш ёфтааст, ки дар миёни онҳо 58 кӯдак ва 34 зан мебошад. Манбаъ теъдоди маҷрӯҳон дар навори Ғаззаро 1235 нафар арзёбӣ кард, хабар дод радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин теъдоди кушташудаҳои Каронаи Бохтарӣ ва Қудсро 21 нафар ва теъдоди маҷрӯҳони онро ҳам беш аз 4369 нафар эълом кард.
Бар асоси ин гузориш, Исроил то кунун 90 сохтмон, аз ҷумла се бурҷи маскуниро дар Ғазза тахриб кардааст.
Лентаи хабарҳо
0