Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондодҳо пули миллӣ дар ҳоли заифшавист
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.
Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.8274 сомонӣ арзиш дорад. Мавриди зикр аст, ки асъори аврупоӣ дар Тоҷикистон бори нахуст ба чунин сатҳ боло рафт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1529 сомонӣ нишон додааст. Асъори русӣ бошад дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Маблағгузори №1: Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кард
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8374 то 13.9100 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1529 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0