Раҳмону Тоқаев дар бораи афзоиши квотаҳо ва кушодани донишгоҳҳои нав ба мувофиқа расиданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОфициальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе
Официальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе музокироти президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба кишвар дар Қасри Миллат дар пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қазоқистон мулоқоти худро бо гузоштани гул ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоил Сомонӣ оғоз карданд.
Пас аз он, гуфтушунид дар сатҳи баланд байни роҳбарон оғоз ёфт, ки дар он рушди робитаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, байнипарлумонӣ, тиҷорӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима шуданд.

"Ҷонибҳо доир ба зиёд намудани шумораи квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд",- афзудааст манбаъ

Неформальная встреча Рахмона и Токаева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Мулоқоти ғайрирасмии Раҳмону Тоқаев дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии президент
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, тавсеаи робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни сӯҳбат Раҳмон ба нақши Президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расонидани онҳо баҳои баланд дод.
Лентаи хабарҳо
0