Дар Русия мехоҳанд муҳоҷирони меҳнатиро ба маҳбусон иваз кунанд

Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо қайд кард, ки ин масъала бояд дар ҳар минтақаи Русия матраҳ карда шавад.
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Русия пешниҳод шуд, ки маҳбусон дар он ҷойҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, фаъолтар истифода шаванд.
Ин ташаббусро Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) ба миён гузоштааст.
Сардори шӯъба Александр Калашников қайд кард, ки чанде қабл президенти Русия Владимир Путин бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кард.
Кишвардорон масъалаи муҳимро муҳокима карданд: чӣ гуна муҳоҷиронро ба сохтмонҳои Русия, ки нерӯи корӣ намерасад, бояд ҷалб кард?

"Хуб, мо воқеан метавонем таъмин кунем. Ин Дирексияи генералии лагерҳои меҳнати маҷбурӣ нахоҳад буд, ин шароити комилан нави муносиб мешавад. Зеро ин шахс дар хобгоҳ ба сар хоҳад бурд ё манзилеро иҷора мегирад ё корфармо ба ӯ ва хонаводааш шароити зиндагӣ фароҳам меорад", - таъкид кард Калашников.

Ғайр аз ин, муҳоҷир маоши сазовор хоҳад гирифт.
Роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо қайд кард, ки ин масъала бояд дар ҳар минтақаи Русия матраҳ карда шавад.
Дар кишвар, айни замон, 483 ҳазор маҳбусон ҳастанд. Аз ин шумор 188 ҳазор нафар ҳақ доранд бо дархости иваз кардани ҷазо бо меҳнати маҷбурӣ муроҷиат кунанд.
Оргнабор трудовых мигрантов в Фергане для работы на российских стройках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия метавонанд мӯҳлати иқоматашонро бо як шарт тамдид кунанд
Дар ҳамин ҳол, дар Федератсияи Русия мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ аз ИДМ вуҷуд дорад - мувофиқи маълумоти охирин, теъдоди онҳо зиёда аз 500 ҳазор нафар аст.
Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия пештар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ даъват карда буд, то барои пайдо кардани ҳаққи кору зиндагӣ дар кишвар то 15 июн ба шуъбаҳои ВКД муроҷиат кунанд. Дар акси ҳол, онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ карда мешаванд.
Ҳамчунин Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, пас аз 15 июн шаҳрвандони хориҷие, ки бо сабаби маҳдудияти парвозҳо имкони ба ватани худ сафар карданро надоранд, метавонанд буду бошашонро тариқи муроҷиат ба шуъбаҳои ВКД, 90 рӯзи дигар тамдид кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала