Тасмими сарони Тоҷикистону Қазоқистон барои беҳтар кардани робитаҳои иқтисодӣ

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Дар ҷараёни музокироти Раҳмон ва Тоқаев, сарфи назар аз бӯҳрон ба пандемия, рушди мусоиди муносибатҳои иқтисодии ду кишварро қайд карданд
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баҳои баланд доданд.
Робитаҳои иқтисодии кишварҳо ба якдигар ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок шинохта шуданд. Зикр гардид, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуввум мебошад.
"Гардиши савдо дар соли гузашта тақрибан як миллиард долларро ташкил дод", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам амиқтар кардани шарикӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, бояд ба соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар самти рақамисозии иқтисод, инноватсия ва воридоти технологияҳои муосир манфиатдор аст.
Официальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Раҳмону Тоқаев дар бораи афзоиши квотаҳо ва кушодани донишгоҳҳои нав ба мувофиқа расиданд
Ғайр аз он, гуфта шуд, ки барои рушди робитаҳо корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон зарур аст.
Инчунин рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо қайд карда шуд.
Аз ҷумла, сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи азсаргирии парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала