Аз тиҷорату логистика то мушкили рақами яки минтақа: натоиҷи мулоқоти Раҳмону Тоқаев

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Сафари сарвари Қазоқистон ба Тоҷикистон бо созишномаҳои тиҷорӣ ва афзоиши квотаҳо барои донишҷӯёну созиш барои бунёди донишгоҳҳо ба поён расид
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Мавзӯҳои калидии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Қасим Ҷомарт Тоқаев, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе қарор дошт, тавсеаи тиҷорати минтақавӣ ва рушди иқтисодии ду кишвар буданд.
Дар ҷараёни музокироти Раҳмон ва Тоқаев, сарфи назар аз бӯҳрон ба пандемия, рушди мусоиди муносибатҳои иқтисодии ду кишварро қайд карданд.
Неформальная встреча Рахмона и Токаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Мулоқоти ғайрирасмии Раҳмон бо Тоқаев дар Варзоб: Рустами Эмомалӣ низ ҳузур дошт - акс
Ҳамзамон дар дидорҳояшон ҷонибҳо аз масоили амнияти минтақа ва ҳамкориҳои муштарак дар ин самт гуфтанд
Сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баҳои баланд дода, зимни мулоқот зикр шудааст, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуввум мебошад.
Раҳмон ва Тоқаев зимни мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам амиқтар кардани шарикӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, бояд ба соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Сипоси Раҳмон аз Тоқаев барои кумакҳояш дар замони пандемия
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар самти рақамисозии иқтисод, инноватсия ва воридоти технологияҳои муосир манфиатдор аст.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи корхонаҳои саноатӣ, инчунин дар ҳудуди МОИ иқтидорҳои муштараки истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хом таъсис дода шаванд, ки ин вазифаи соҳибкоронро соддатар мекунад.

Омодагии Қазоқистон барои воридшавӣ ба бахши саноати вазнин Тоҷикисон

Ғайр аз ин, Тоҷикистон ва Қазоқистон ёддошти ҳамкориро дар соҳаи саноат ва мошинсозӣ ба имзо расониданд ва илова бар ин, онҳо нақша доранд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи логистика ва нақлиёт тавсеа диҳанд.
Президенти Қазоқистон гуфтаасст, ки ширкатҳои ватанияш омодаанд корхонаҳои муштараки тавлиди мошинҳо ва автобусҳо, сохтмони корхонаи трансформатор дар Тоҷикистонро таъсис диҳанд, инчунин таъмини ҷузъҳои роҳи оҳан, чархбол, ва маҳсулоти металлӣ барои сохтмони НБО Роғунро таъмин кунанд.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Тасмими сарони Тоҷикистону Қазоқистон барои беҳтар кардани робитаҳои иқтисодӣ
Ғайр аз он, гуфта шуд, ки барои рушди робитаҳо корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон зарур аст.
Ғайр аз ин, пас аз мулоқоти Раҳмон ва Тоқаев, байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати савдои Қазоқистон ёддошти тафоҳум оид ба системаи ягонаи тақсимоти молҳо ба имзо расид, ки дар.
Тибқи ин санад, 45 миллион доллар дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва 500 миллион доллари дигар барои иҷрои тарҳҳои саноатӣ ихтисос дода мешавад.

Аз афзоиши квота барои донишҷӯён то бунёди донишгоҳҳо

Ҷонибҳо ба ғайр аз тиҷорату иқтисод, инчунин ҷонибҳо доир ба зиёд намудани шумораи квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамин тариқ, президентҳо аҳамияти ҳамкориҳоро дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони амалӣ қайд карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки шумораи грантҳо ва квотаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик ва қазоқ, ки дар донишгоҳҳои ду кишвар таҳсил мекунанд, ду баробар зиёд карда шавад.
"Қазоқистон шумораи грантҳои таҳсилиро барои донишҷӯёни тоҷик зиёд мекунад. Ин чораҳо ҷавонони моро ба ҳам наздик мекунанд, ба ҳифзи давомнокии муносибатҳои воқеан дӯстонаи байни кишварҳоямон мусоидат хоҳанд кард", - таъкид кардааст Тоқаев
Ғайр аз ин, ҷонибҳо як ёддошти ҳамкорӣ байни идораҳои марбутаи ду ҷумҳуриро имзо карданд.

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистону Қирғизистон сари мушкили рақами яки Осиёи Марказӣ

Дар ҷараёни музокирот ба ҷанбаҳои мубрами таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҳамтои қазоқаш ба эҳтимолияти бад шудани вазъ дар Афғонистонро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф ишора кард.
"Манфиати ҷонибҳо ба идомаи ҳамкорӣ дар форматҳои гуногун дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ тасдиқ карда шуд", - гуфт Раҳмон пас аз мулоқот бо раҳбари Қазоқистон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон мушкили асосии Осиёи Марказиро гуфт
Роҳбарони ду кишвари Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ тақвият медиҳанд.
Раҳмон қайд кард, ки дар музокирот ба масъалаи амнияти минтақавӣ диққати махсус дода шуд.
Тавре президенти Тоҷикистон қайд кард, ҷонибҳо рушди вазъ дар Афғонистонро пайгирӣ карда, ба тарафдории идомаи ҳамоҳангии зич байни хадамоти махсус ва шӯъбаҳои махсуси ду кишвар сухан гуфтанд.
Тоқаев бо зикри талошҳои Тоҷикистон барои субот дар минтақа гуфтааст, ки Қазоқистон ҷонибдори минбаъдаи муттаҳид сохтани кӯшишҳои давлатҳои бародар барои ҳифзи фазои сулҳ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн дар минтақа мебошад.
Мавзӯи муҳимтар дар муносибатҳои ду кишвар пешгирии таҳдиди террористии аз Афғонистон унвон шуд.
"Имрӯз, ин масъалаи рақами як барои мо ва шарикони мо дар минтақа аст. Мо тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф қайд кардем ва ба тарафдории идомаи ҳамоҳангӣ байни хадамоти махсуси худ сухан рондем. Аз ин лиҳоз, аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ қайд карда шуд", - шарҳ дод Эмомалӣ Раҳмон.
Дар маҷмӯъ, пас аз мулоқот, Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳафт санади шарикӣ, аз ҷумла барномаи ҳамкорӣ байни намояндагиҳои дипломатӣ барои солҳои 2021-2023 ва ёддошти байни Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва фазонавардии Қазоқистонро ба имзо расониданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала