Зеленский аз Байден ҳушёртар баромад ва нахост Путинро муҳокима кунад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Украины Владимир Зеленский во время пресс-конференции
Президент Украины Владимир Зеленский во время пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Владимир Зеленский далели асоснокеро овард, то дар бораи Путин изҳори назари манфие накунад
ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский дар рафти нишасти матбуотие, ки доир кард, аз шарҳ додани шахсияти Путин даст кашид.
"Агар мо бо калимаҳои беэҳтиётонаамон эҳтимоли авҷ гирифтани бад шудани вазъро бештар кунем, ман инро ба худам намебахшам", - гуфтааст сиёсатмадори украинӣ.
Ҳамчунин Зеленский изҳор дошт, ки молоқот бо Путинро дар масъалаи ба эътидол овардани вазъи Данбасс ҳатмӣ мешуморад, ҳамчунин дар ин масъала таваҷҷӯҳи Амрикоро ҷалб карданист.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Зеленский ҷойи хосеро барои мулоқот бо Путин ном бурд
Дар рафти нишасти матбуотӣ раисҷумҳури Украина дар бораи мулоқоташ бо Путин гуфт: ба қавли ӯ феълан масъалаи ташкили он баррасӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, пештар президенти ИМА Ҷо Байден дар мулоқот суоли рӯзноманигорро, ки оё раисҷумҳури Русияро қотил мешудморад, тасдиқ карда буд.
Ин вокуниши тунду зиёди иҷтимоиро ба бор овард. Аз он чӣ шахсиятҳои расмӣ ва чӣ корбарони шакаҳои иҷтимоӣ интиқод карданд.
Худи Владимир Путин ба ин иттиҳомоти Байден бо шӯхӣ посух гуфт, ва ба ҳамтои амрикоиаш саломатӣ хосту зарбулмасали машҳури русӣ, "кто как обзывается, тот так и называется", (дигаронро ҳамингуна мебинӣ, ки худат ҳастӣ)-ро ёдрас кард.
"Мо доим дар нафари дигаре хусусиятҳои шахсии худамонро мебинем ва аз ҳамин ҷо ба амалҳои ӯ баҳо медиҳем", - таъкид кардааст Путин.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала