Чигуна заврақи Эмомалӣ Раҳмон дар Уқёнуси Ором якум шуд?

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Президенти ояндаро барои ин дастовард 10 рӯз рухсатӣ доданд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бештар аз 40 сол пеш заврақи раисҷумҳури ояндаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Флоти Уқёнуси Ором якум шуд. Имрӯз дар Рӯзи флоти Уқёнуси Ором ҳамхизматони президент хизмат дар флотро ба ёд овардаанд.
Тавре "Ховар" дар истинод ба собиқадори меҳнат Сафар Пиронов менависад, Эмомалӣ Раҳмонро аз ноҳияи Данғар ботантана ба сафи Қуваҳои мусаллаҳ гусел карда буданд.

"Маросими гусел ҷашни калон буд — палав ва ғизоҳои дигар пухта мешуд. Пайваста мусиқӣ садо медод, ин хеле шавқовар ва фараҳбахш буд. Лаҳзаи гусели даъватшавандаҳо аз хона оғоз меёфт ва дар истгоҳҳои роҳи оҳан хатм мешуд ва наваскарон аз он ҷо бо қаторҳо ба гӯшаҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ барои хидмат мерафтанд", - гуфтааст дар сӯҳбат бо хабаргузорӣ, Пиронов.

Аз қавли вай, Эмомалӣ Раҳмонро ба Приморск фиристоданд, аммо пеш аз расидан ба минтақа раисҷумҳури оянда дар Хабаровск заврақ ронданро омӯхтанд.
Ҳамин тавр, ҳамхидмати Эмомалӣ Раҳмон, Холмаҳмад Абдулхайров гуфтааст, ки чигуна заврақи Эмомалӣ Раҳмон дар Уқёнуси Ором якум шуд.

"Заврақи Президенти мо сазовори ҷои аввал шуд. Барои омодагии хуби сиёсӣ ба ӯ 10 рӯз рухсатӣ доданд ва ба волидонаш сипоснома фиристоданд", — мегӯяд ҳамхизмати Эмомалӣ Раҳмон, Холмаҳмад Абдулхайров.

Ёдрас мешавем, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Флоти Уқёнуси Ором аз соли 1971 то 1974 хизмат кардааст.
Дар тӯли се соли хизмат Эмомалӣ Раҳмон сазовори рутбаи старшинаи дараҷаи аввал — мушобеҳи сержант дар неруҳои хушкигард гардидааст.
Имрӯз — Рӯзи флоти Уқёнуси Ором аст, ки ҳар сол 21 май ба ифтихори таъсиси бандари ҳарбии Охотск, ки 10 (21) майи 1731 сурат гирифта буд ва аввалин воҳиди доимии ҳарбӣ — баҳрии собиқ СССР (ҳоло Русия) дар Шарқи Дур буд, таҷлил карда мешавад.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав
Соли 2018, 23 феврал худи президент дар зиёфати бахшида ба ҷашни 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ бо аскарони қаторӣ дар як миз нишаста ва ба онҳо дар бораи хидмати аскариаш нақл карда буд.
Ҳамин тавр, ӯ гуфта буд, ки дар Уқёнуси Ором ва шаш моҳ дар Баҳри Сиёҳ хизмат кардааст.
Ӯ дар посух ба суоли аскаре, ки пурсида буд, ки "оё қин буд", гуфт, "бале, хунукӣ то 40 дараҷа мерасид, шамол... ".
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, баъди хатми омӯзишгоҳи касбиву техникии рақами 40-уми шаҳри Калинобод (ҳоло Сарбанд) ва як муддати кор ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғани шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1971 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд.
Эмомалӣ Раҳмонро ба флоти уқёнуси Ором ба хидмат бурданд. Дар даврони Шӯравӣ хидмат дар артиш ду сол, вале барои онҳое, ки ба нирӯҳои баҳрӣ даъват мешуданд, 3 сол буд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин далел се сол – аз соли 1971 то 1974 – дар флоти уқёнуси Ором ва дар баҳри Сиёҳ хидмат кардааст.
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2019
Арӯс таги чодар, шаҳбачаро бурданд: Раҳмон аз фоҷиаи оилавию нодорияшон гуфт-аксу видео
Ӯ баъди бозгашт аз артиш як муддати дигар ба ҳайси фурӯшанда кор карда, танҳо баъд ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Эмомалӣ Раҳмон риштаи иқтисодии ин донишгоҳро соли 1982, вақте 30 сол дошт, хатм кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон баъди хатми донишгоҳ чандин сол раиси колзози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд ва дар поёни соли 1992 раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва соли 1994 президент интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала