Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Букмекерҳо ба Манижа бовар надоранд: имкони пирӯзии Русия дар Евровидение - 2021

© AFP 2023 / PATRICK VAN EMSTРоссийско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, букмекерҳо имконияти Манижаро барои ғолиб шудан дар Евровидение - 2021 коҳиш доданд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ мекунад, дар рейтинги букмекерӣ мавқеашро аз даст додааст. Маълумоти портали EuroINvision аз ин шаҳодат медиҳад.
Имконияти пирӯзии овозхон пас аз баромади ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 18 май дар Роттердам баргузор шуд, афзоиш ёфт.
Дар натиҷа, сарояндагони 16 кишвар ба марҳилаи ҳалкунандаи озмун роҳ ёфтанд. Миёни онҳо Манижа бо суруди Russian Woman ҳам буд. Пас букмекерҳо ба ӯ ҷои 10-уми рейтингро сазовор донистанд.
Микрофон на Евровидении-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Даври ниҳоии Евровидение - 2021: дар куҷо ва кай тамошо кардан мумкин аст
Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, ки рӯзи 20 май дар Нидерланд баргузор шуд, 10 иштирокчии дигар ба мубориза барои ҷоизаи асосии Евровидение - 2021 ворид шуданд.
Ин ба андешаи букмекерҳо таъсир расонд, аммо на ба фоидаи Манижа. Дар ҳоли ҳозир, вай дар ин радабандӣ ҳамагӣ 15-ум аст ва имкони пирӯзии ӯ 1% арзёбӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, сарояндаи рус пас аз даври дуюми нимниҳоӣ якбора панҷ зина поин шуд.
Тибқи иттилои портал, ғолиби эҳтимолӣ тағйир наёфтааст. То даври дуввуми ниманиҳоӣ, букмекерҳо ҷои аввалро ба гурӯҳи рок Måneskin аз Итолиё медоданд.
Международный конкурс песни Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Даъвати Манижа аз мухлисон барои овоздиҳӣ ба ду кишвар дар Евровидение - 2021
Имконияти сарояндагони суруди Zitti E Buoni 21% арзёбӣ мешавад. Зани фаронсавӣ Барбара Прави аз сатри сеюми рейтинг ба зинаи дуюм баромад. Қобили зикр аст, ки имкони суруди Voilà-и Правиро букмекерҳо 21% арзёбӣ мекунанд.

Манижа дар Евровидение - 2021

Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021 Русияро муаррифӣ мекунад.
Ҳунарнамоии ӯ дар даври аввали нимфинал миқдори зарурии овозҳоро барои ба даври ниҳоӣ баромадан гирифт.
Ҳунарнамоии ғайриодии овозхон тамошобинонро ба ваҷд овард: Манижа бо либоси азиме, ки матоҳояш аз манотиқи гуногуни Русия фиристода шуда буд, рӯи саҳна баромад.
Четырехметровый трофей Евровидения, напечатанный на 3D-принтере из переработанного ПЭТ-материала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Исми 10 ғолиби даври дуввуми нимниҳоӣ дар Евровидение - 2021 маълум шуд
Сипас, сароянда аз дохили пироҳани бузург "берун омада" намоишашро бо либоси сурх идома дод. Марҳилаи аввали Евровидение - 2021 рӯзи 18 май ба анҷом расид.
Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, 10 даста аз Русия, Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина ба финал баромаданд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври дуввуми ниманиҳоии рӯзи 20 май Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финландия ғолиб шуданд.
Назарсанҷӣ
Манижа дар Евровидение ҷои чандум мегирад?
Лентаи хабарҳо
0