Дастури Раҳмон барои рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғл

© пресс-служба президентаЭмомали Рахмон, Президент Таджикистана
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисиҷумҳур ҳамасола 180 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дастур додааст, ки рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғл таҳия карда шавад.
Раисиҷумҳур имрӯз зимни суханронияш дар Рӯзи ҷавонон гуфтааст, ки бо назардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон бо Вазорати меҳнат, рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25 – чораҳо андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатиро вазифадор кардаст, ки бо ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Молодые люди прогуливаются по улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис шуда, ин раванд ҳар сол на кам аз 100 ҳазорро бояд ташкил диҳад.
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистони тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Раҳмон, ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0