"Хуҷанд" бо ғалабаву "Равшан" бо бохт иштироки худро дар Ҷоми КФО хотима доданд

© ФФТКУБОК АФК-2021: "Худжанд" обыграл ошский "Алай"
КУБОК АФК-2021: Худжанд обыграл ошский Алай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" бозии худро дар Ҷоми AFC-2021 бо пирӯзӣ ба анҷом расонд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бошгоҳи "Хуҷанд" дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гуруҳи "F" дорандаи Ҷоми Қирғизистон "Алай"- и Ушро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ғалабаи хуҷандиёнро зарбаҳои дақиқи Дилшод Бозоров ва Абдулмӯъмин Забиров ба даст оварданд.
Дар бозии дигар, дорандаи медали нуқраи Ӯзбекистон "Насаф" - и Қаршӣ дар се бозӣ се ғалаба ба даст оварда, барандаи гурӯҳи "F" -и Ҷоми AFC-2021 дар Душанбе гардид.
Дар Тоҷикистон чемпионати чоруми футбол байни дастаҳои занона оғоз ёфт. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Ёздаҳ голи Шукрона дар як бозӣ: "Зебо" “Нушофарин”-ро бо ҳисоби 18-0 шикаст дод
Акнун, дар финали Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021, "Насаф" бо “Аҳал” -и Туркманистон, ки дар гурӯҳи "E" дар Бишкек пешсаф буд, бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, қаблан "Хуҷанд" аз "Насаф" бо ҳисоби 3: 0 мағлуб шуда, бо "Олтин Асир" - и Туркманистон 2: 2 мусовӣ карда буд.
Ҳамзамон "Равшан" -и Кӯлоб, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гуруҳи "E" бозӣ мекард, аз "Дордой" (Қирғизистон) - 0: 3 мағлуб гашт. Қабл аз ин кӯлобиҳо аз "Аҳал" (Туркманистон) бо ҳисоби 1: 3 мағлуб шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала