Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Олимон коронавируси номаълумеро дарёфтанд, ки сагҳо онро паҳн мекунанд

© REUTERS / Hannibal HanschkeБельгийская овчарка Филу, способная обнаружить COVID-19 в образцах слюны человека
Бельгийская овчарка Филу, способная обнаружить COVID-19 в образцах слюны человека - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Ин вирусро олимон ССоV-YuPn-2018 номиданд ва он қаблан танҳо сагҳоро сироят мекард
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Олимони Иёлоти Муттаҳида ва Малайзия як коронавируси қаблан номаълумро муайян карданд, ки зоҳиран аз сагҳо ба одамон мегузарад, менависад РИА Новости.
Ҳанӯз соли 2018 олимон барои ташхису таҳлил, оби бинии 300 беморро гирифтанд, ки дар Малайзия аз илтиҳоби шуш табобат мегирифтанд.
Зимнан, олимон дақиқ намедонистанд, ки ҳашт нафари маризон, ба коронавируси қаблан номаълум, ки олимон пасон онро CCoV-HuPn-2018 номиданд, гирифторанд.
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Байден мехоҳад кӯдакони 12-15 - солаи амрикоӣ алайҳи коронавирус эм гиранд
Дар таҳқиқоти нашршуда, олимон гузориш доданд, коронавируси CCoV-HuPn-2018, ки қаблан танҳо сагҳоро сироят мекард, ҳоло ба одамон низ гузаштааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин вирус қобилияти аз одам ба одам гузаштанро дорад ва ё на. Инчунин, маълум нест, ки масунияти инсон бо он чӣ гуна мубориза мебарад.

"Дар ҳоли ҳозир, мо ҳеҷ асосе барои интизории пандемияи навро аз ин вирус намебинем, аммо ман наметавонам истисно кунам, ки он ҳеҷ гоҳ дар оянда боиси нигаронӣ нахоҳад шуд", - гуфт Анастасия Власова, яке аз олимоне, ки дар таҳқиқоти Донишгоҳи давлатии Огайо ширкат варзидаст.

Қайд карда мешавад, сагҳое, ки ба ин коронавирус сироят ёфтаанд, бо бемории рӯдаю меъда рӯ ба рӯ шудаанд. Одамон ин нишонаҳоро надоштанд, аммо нишонаҳои шабеҳ ба нишонаҳое, ки ҳангоми бемориҳои роҳи нафас рух медиҳанд, қайд карда шуданд.
Власова инчунин қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин вирус то чӣ андоза паҳн шудааст, аммо олимон тахмин мезананд, ки вирус на танҳо миёни сагон ва одамон дар Малайзия паҳн шудааст.
Бояд гуфт, ки агар таҳқиқоти эпидемиологӣ тасдиқ шавад, он гоҳ ин ҳаштумин коронавирус хоҳад буд, ки одамонро сироят мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала