Путин гуфт, касе ягонагии Русияро газиданист, дандонҳояшро мешиканад - видео

Сарвари давлат ба иттиҳомоти як қатор сиёсатмадорони хориҷӣ, ки гӯё сарвати Сибир ба Федератсияи Русия беадолатона тааллуқ дорад, посухи дандоншикан дод
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, намегузорад, ки касе ба сарвати табиии кишвар дастдарозӣ кунад
Президенти Русия Владимир Путин ҳушдор дод, ки Сибир ва сарватҳои зеризаминии он таҳти назорати қатъии давлат қарор хоҳанд гирифт.
Вай дар ин бора дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти "Победа" изҳор дошт.
Ба гуфти президент, дар ҳама давру замон як манзара такрор мешавад - вақте, ки Русия қавитар мешавад, сабабҳое пайдо мешаванд, ки рушди кишварро бо ягон роҳ маҳдуд мекунанд, масалан, гирифтани Сибир.
"Ҳама мехоҳанд моро аз ҷое "газанд" ё чизеамонро "газанд". Аммо онҳо бояд бидонанд - онҳое, ки ин корро карданӣ ҳастанд - мо дандонҳои ҳамаро меканем, то онҳо газида натавонанд", - гуфт президенти Русия.
Ҳамчун механизми муҳофизатӣ, Сарфармондеҳи Олии Русия рушди Қувваҳои Мусаллаҳро ҳамчун гарав ва кафили амният қайд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала