Қрим метавонад дарвозаи баромади Тоҷикистон ба баҳр шавад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузаштан ба хазинаи аксФеодосийский морской торговый порт
Феодосийский морской торговый порт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Намояндаи доимии Президенти Федератсияи Русия дар Қрим кишварҳои ИДМ-ро ба истифодаи бандарҳои ҷумҳурӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Дар ҳошияи Форуми якуми байналмилалии тиҷорӣ "Вақти содирот" намояндаи доимии Президенти Русия дар Қрим, Георгий Муродов дар бораи дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақа сухан гуфт.
Бино ба гузориши РИА Новости, номбурда қайд кардааст, ки Қрим барои густариши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ имкониятҳои васеъ дорад. Аз ҷумла, Қрим оид ба таъминоти ашёи хоми йод-бром пешниҳодҳои беназир дорад ва корхонаҳои нимҷазира салоҳиятҳои беназир доранд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Амният, муҳоҷират, ваксина ва кумаки низомӣ: натоиҷи сафари Лавров ба Душанбе
Муродов нақлиёти боркаши баҳриро соҳаи дигари умедбахши рушди иқтисодии ҷумҳурӣ номид.

"Мо дӯстони худро аз Арманистон, Беларус, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват менамоем, ки аз бандарҳои баҳрии мо истифода баранд, зеро Қрим на танҳо дарвозаи баҳрии Русия, балки тамоми кишварҳои ИДМ, инчунин кишвари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад", - гуфт намояндаи доимии президент.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз сабаби набудани дастрасӣ ба баҳр як қатор мушкилотро аз сар мегузаронанд.
Кишварҳо ҳамзамон як қатор лоиҳаҳоро оид ба тавсеаи роҳҳои тиҷоратӣ иҷро мекунанд. Аз ҷумла шоҳроҳҳо тавассути Афғонистон, роҳи оҳан ба Чин ва бисёр дигар мавриди назар қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала