Аз рублу доллар то евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки пули миллӣ вазъи беқурбшавиро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1533 сомонӣ нишон дода шудааст. Асъори русӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, ки дар моҳҳои аввали сол коҳиш ёфта буд ба нишондоди беназир боло рафт. Имрӯз дар бозори асъори Тоҷикистон 1 евро 13,8183 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Пассажиры заходят в троллейбус на проспекте Рудаки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
БАТР барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар медиҳад
Ёдовар мешавем, Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъорро барои баҳисобгирӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ муқаррар мекунад. Нишондоди мубодилаи асъори нақд барои 1000 рубли русӣ дар дигар бонкҳои Тоҷикистон аз арзиши нишондодаи БМ метавонад 1-2 сомонӣ гаронтар бошад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0