Ҳарчанд аз номи русҳост: фахри Раҳмон аз Манижа баъди баромадаш дар Евровидение

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дубора аз ҳунарнамоии овозхон Манижа тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунарнамоии Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, ки кишварро дар Евровидение-2021 муаррифӣ мекунад, тавсиф кард.
Ӯ зимни мулоқоташ бо ҷавонони Тоҷикистон, рӯзи 21 май гуфт, "Манижа ифтихори мост".
"Манижа ҳарчанд, ки аз номи миллати рус баромад ҳам кунад, ӯ ифтихори мост ва ҳама ӯро аз худ медонанд", - таъкид кард президент.
Ёдрас мешавем, пештар низ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз овозхони тоҷиктабори Русия, ки роҳ ёфтанаш ба Евровидение-2021 боиси вокунишҳои зиддунақиз гашта буд, тавсиф карда буд.
Международный конкурс песни Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Даъвати Манижа аз мухлисон барои овоздиҳӣ ба ду кишвар дар Евровидение - 2021
Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух дар Исфара ишора ба вокунишҳои шадид алайҳи овозхони тоҷиктабор кард ва гуфт, "Манижа ҳамаро саргардон кард ва бархеҳо ӯро чашми дидан надоранд".
Президент махсус қайд кард, ки Манижа Сангин тоҷик буданашро доим мегӯяд."Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст", - таъкид кард вай.Ҳамчунин президент ҳунари овозхонро тавсиф кард."Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем", - афзуд президенти Тоҷикистон.

Евровидение - 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам ҷараён дорад, ки 65 - умин аст. Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 ҳаққи баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд.
Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст.Даври ниҳоӣ 22 май баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0