Ҷузъиёти таркиши "Дулан" дар Деваштич: ба ғарами алаф бархӯрдааст

© КЧС ТаджикистанаВзрыв бензовоза в Деваштичском районе
Взрыв бензовоза в Деваштичском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Ҷузъиёти ҳодисае, ки як рӯз пеш дар ноҳояи Деваштич рух дод, нашр шуд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҷузъиёти таркиши мошини ҳомили сӯзишворӣ дар ноҳияи Деваштичро эълон кард.
Хотиррасон мекунем, ки ҳолати фавқулодда субҳи рӯзи 20 май рух дод.
"Дар қаламрави ноҳияи Деваштич автомошинаи тамғаи “Дулан”, ки 35 тонна сӯзишворӣ дошт, ба садама дучор шуд", - омадааст дар иттилоия.
Пожарник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Ҳодисаи нохуш: шарҳи ВКД аз таркиши "Донгфенг" дар Деваштич
Маълум шуд, ки мошини сӯзишворӣ ба як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат буд.
Ба иттилои манбаъ, ба кадом иллати техникие ронанда идоракуниро аз даст дода, мошин аз роҳ баромада, ба сойе чаппа шудаву метаркад.

"Ронанда ва ҳамроҳаш баробари ба самти сой сарозер шудани мошин худро берун ҳаво додаанд ва аз фалокати ногаҳонӣ ҷон ба саломат бурдаанд. Онҳо бо ҷароҳатҳои сабук дар бемористон бистарӣ шуданд ва табибон ҳолашонро хуб арзёбӣ мекунанд", - афзудааст КҲФ.

КҲФ мегӯяд, навори алангаи оташ ва дуди ғализе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардон буд, оташи хирмани бузурги алафи чорво будааст, ки як сокини деҳаи Ғазантераки ноҳияи Деваштич барои фурӯш захира карда буд.
Сӯхтор аз ҷониби хадамоти сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан баъди 50 дақиқа пурра хомӯш карда шуд, афзудааст манбаъ.
Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0