Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Аз азобҳои модар то гиряи Манижа Сангин – суҳбати Муаззамахон Умарова

© Аз бойгонии Акмал УсмоновМанижа Сангин ҳамроҳи тағо ва духтари тағояш
Манижа Сангин ҳамроҳи тағо ва духтари тағояш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Вақте хонаводаи Манижа дар замони ҷанг аз Душанбе ба Хуҷанд рафтанд, Манижа тифли ширхора буд ва пайваста гиря мекард
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Манижа Сангин дар замони зиндагӣ дар Душанбе чӣ рӯзу рӯзгоре дошт? Холадухтари модари ӯ ҷузъиёти дигареро ба даст дод.
Хабарнигорони Sputnik Тоҷикистон Муаззамахон Умарова, муаллимаи кафедраи таърихи халқи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, холадухтури Наҷиба Усмонова, модари Манижа Сангинро дар хонаашон, воқеъ дар микрорайони 20 – уми шаҳри Хуҷанд пайдо кардем.
Вай гуфт, бо Наҷиба ва духтараш ошноии чандинсола дорад ва ҳамеша аз ҳоли ҳамдигар бохабаранд.
© Sputnik / Аз бойгонии хонаводаМодари Манижа Сангин, Наҷиба Усмонова бо хоҳаронаш
Модари Манижа Сангин, Наҷиба Усмонова бо хоҳаронаш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Модари Манижа Сангин, Наҷиба Усмонова бо хоҳаронаш
- Мо худ як авлоди бамеҳр ҳастем. Ҳарчанд ману Наҷиба холадухтарем, бисёриҳо фикр мекунанд, ки апаву хоҳарем. Ман ҳар вақт, ки Маскав рафтам ё ба Канада назди писарам сафар мекунам, ҳатман якчанд рӯз меҳмони Наҷиба мешавам. Ӯ ба монанди номаш воқеан як инсони наҷиб аст...

Зиндагии Манижа дар Маскав чигуна аст

- Бори охир кай дида будед?
- Охирин бор соли 2018 меҳмонашон буданд. Дар ноҳияи Строгинои Маскав зиндагӣ мекунанд.
- Хонаи худашон аст ё иҷора?
- Хато накунам, хонаи худашон аст. Як хонаи дигар доранд, ки дақиқ намедонам куҷост. Онҳо ба ин хона дилбастагии зиёд доранд. Мӯниса Усмонова, духтари Акмал, бародари Наҷиба низ дар ҳамон бино зиндагӣ мекунад.
© Sputnik Манижа Сангин дар кӯдакӣ дар Тоҷикистон
Манижа Сангин дар кӯдакӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Манижа Сангин дар кӯдакӣ дар Тоҷикистон
- Вақте якҷо мешавед, бештар аз чӣ боб суҳбат мекунед?
- Ҳатман ки гузаштаҳову гузаштагонро зиёд ёдоварӣ мекунем. Гоҳо либос медӯзем барои Манижа. Аксари либосҳои саҳнавии ӯро модараш медӯзад. Худи Манижа низ маслиҳат медиҳад. Модараш аз оғоз ҳунарманд буд. Ин ҳам нишонаи бофарҳангии тоҷикон аст .
- Манижа бо шумо менишаст?
- Бале, “хола” – гуфта, гирди ман парвона мешуд. Рӯзҳо бо гурӯҳашон машқи мусиқӣ мерафт. Бегоҳиҳо бо мо буд. Намегуфт, ки вақтам нест. Мерафт дар ошхона ягон чӣ мепухт, баъди хӯрдан боз мепурсид, ки чӣ тур буд, ба шумо маъқул шуд ё не. Мешишт, шӯхиву дарди дил мекард.
- Тоҷикӣ суҳбат мекард ё русӣ?
- Ағлаб русӣ, зеро аз хурдӣ дар мактаби русӣ ва муҳити русӣ бузург шуд. Аммо, ба Шумо дурӯғу ба Худо рост, хеле талош мекунад, ки ба тоҷикӣ суҳбат кунад. Аз ин ки тоҷик ва вориси як фарҳанги бузург аст, ҳис мекунӣ, ки меболад. Тоҷикӣ гап мезанаду аз ман мепурсад, ки оё дуруст гуфт ё не?
© Sputnik / Аз бойгонии хонаводаи Манижа СангинМанижа Сангин ҳангоми кӯдакӣ дар Хуҷанд бо пайвандонаш. Манижа аз чап якум
Манижа Сангин ҳангоми кӯдакӣ дар Хуҷанд бо пайвандонаш. Манижа аз чап якум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Манижа Сангин ҳангоми кӯдакӣ дар Хуҷанд бо пайвандонаш. Манижа аз чап якум

Дар бораи падари Манижа

- Ҳам Манижа, ҳам модараш зоҳиран аз падари хонаводаашон суҳбат намекунанд? Оё медонед чаро?
- Ёдам ҳаст, ки дар тӯйи Наҷиба Далер Назаров овозхонӣ карда буд, чун ҳамсинфаш буд. Шавҳараш Далер ном дошт. Падару модараш самарқандӣ, одамони муътабаре буданд. Хато накунам, модараш дар “Тоҷикфилм” кор мекарданд. Далер дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд. Анастезолог аст, ҳоло дар Маскав кор мекунад. Намедонам, ки Манижа падарашро мебинад, ё хайр, аммо бародараш Шерзод, бо падар тамоси пайваста дорад.
- Кай ва чаро ҷудо шуданд?
- Дақиқан намедонам, ки кай ҷудо шуданд. Аммо дар ин бора бо Наҷиба гоҳо суҳбат мекардем, ки ин ҷо зикри муҳтаворо зарур намедонам.

Тифлии Манижа ва Тоҷикистон

- Кӯдакиҳои Манижа ёдатон ҳаст?
- Вақте ҷанги дохилӣ дар Душанбе сар шуд, тамоми хешовандонамон ба Хуҷанд кӯч бастанд. Ҳавлии холаам дар қисмати чапи масҷиди Шайх Муслиҳиддин, маҳаллаи кӯҳнаи Панҷшанбе буд. Ҳеҷ ёдам намеравад, ки вақте Наҷиба омад, рӯи дастонаш Манижаи ширхора дар пату печонида шуда буд ва гиря мекард.
Баъди ҷанг як бор хонаи холаам рафтам. Манижа тақрибан 4-сола буд, ки дар як даст чойнак, дар дасти дигар пиёла ва дар дасти рост сачоқро овехта ворид шуд. Ҳамон замон пай бурдам, ки як духтари худашро уҳда мекардагӣ мешавад.
© Sputnik / Аз бойгонии хонаводаМодари Манижа, Наҷиба Усмонова бо фарзандонаш, Фирдавс,Тоҷӣ Усмон , Манижа ,Азиза, Муниса, Шерзод. Душанбе, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ
Модари Манижа, Наҷиба Усмонова бо фарзандонаш, Фирдавс,Тоҷӣ Усмон , Манижа ,Азиза, Муниса, Шерзод. Душанбе, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Модари Манижа, Наҷиба Усмонова бо фарзандонаш, Фирдавс,Тоҷӣ Усмон , Манижа ,Азиза, Муниса, Шерзод. Душанбе, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ
Манижа дар кӯдакиву наврасӣ харобу қадбаланд буд. Ҳоло Худоро шукр як духтари шуданӣ шудааст. Маҳфилҳо мерафт, дарси мусиқӣ мехонд.
- Дар тарбияти ӯ кӣ бештар нақш дошт?
- Холаам Эргашой Сангиноваро мешавад мураббии аввалини Манижа ном бурд. Наҷиба муаллимаи физикаи Донишгоҳи тиббӣ буд. Кор мерафту фарзандонашро бо модараш мегузошт.
- Холаатон чикора буданд?
- Холаам мутаваллиди соли 1936 буданд. Факултети забону аадабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, ба Тоҷӣ Усмон ба шавҳар баромадам. Дар кафедраи психология кор мекарданд. Солҳои 60 рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд. Аммо пас аз марги шавҳарашон дар соли 1968 азоби зиёд кашиданд. Фарзандонашон Акмал дар 10 – солагӣ ва Наҷиба дар 8-солагӣ аз падар маҳрум шуданд.

Чигуна хонавода тарк ватан карданд

- Фарзандони Наҷиба чӣ тур ба тарбияти он кас афтоданд?
- Баъди ҷудоӣ аз шавҳар Наҷибаву фарзандонаш бо модару бародараш Акмал зиндагӣ мекарданд. Хонаашон дар кӯчаи Ленин, роҳе, ки ба масҷиди марказӣ мебарад, дар дуошёнаҳои финӣ буд. Ҳоло он хонаҳо барандохта ва ба ҷойашон баландманзилҳо бунёд шудаанд. Як ҷо ҳам, ки Манижа гуфт, дар Душанбе хонаашонро чаппа кардаанд ва дигар макони хотираҳояш нест, аз ҳамин сабаб аст.
© Аз бойгонии Акмал УсмоновМанижа Сангин бо бародар ва хоҳаронаш
Манижа Сангин бо бародар ва хоҳаронаш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Манижа Сангин бо бародар ва хоҳаронаш
- Чаро модари Манижа ба Русия рафт?
- Мисли ҳама. Таври маълум, солҳои 90, замони ҷанги шаҳрвандӣ шароити зиндагӣ вазнин шуданд. Хонаводаи ӯ аз соли 1993 ба Русия рафта, меомад, то ин ки пурра накӯчиданд. Манижа дар Маскав ба боғча мерафт. Аммо ба Душанбе омада мерафтанд.
- Чанде қабл ин хабар дарз кард, ки Манижа эҳтимол дорад ба як ҷавони гурҷӣ ба шавҳар барояд. Шумо, аҳли хонаводааш, инро чӣ гуна қабул мекунед? Умуман, Манижа як сол пас 30 – сола мешавад. Шавҳар надоштанашро чӣ гуна қабул мекунед?
- Ману модараш ин мавзӯъро борҳо бо ӯ матраҳ карда будем. Мегуфт, як сӯ мусиқӣ, як сӯ зиндагии шахсӣ, аммо агар ба шавҳар барояд, оё хушбахт хоҳад шуд? Шавҳараш оё иҷоза хоҳад дод, ки бо мусиқӣ машғул шавад? Ҳар дафъа талош мекард, бифаҳмонад, ки мусиқӣ барои ӯ аз зиндагии шахсӣ боло меистад. Мегуфт, зиндагии шахсӣ ҷое намеравад. Насиб бошад, пас аз 30 – солагӣ ҳам бахташро хоҳад ёфт. Аммо ин ки гурҷиро мегирад, ё каси дигарро интихоби худаш аст.
Лентаи хабарҳо
0