Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Даври ниҳоии Евровидение - 2021: навори пурра

Обуна шудан
Дар шаҳри Роттердами Нидерланд даври ниҳоии ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 оғоз ёфт. Барои ба даст овардани ғолибият намояндагон аз 26 давлат, аз ҷумла намояндаи Русия Манижа Сангин, сабқат мекунанд
Ровиёни даври ниҳоии Евровидение - 2021 4 нафар: Шантал Янзен, Ян Смит, Эдсилия Ромбли ввввва Никке де Ягер мебошанд.
Тибқи анъана, шаш нафар ба таври худкор ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки инҳо намояндагон аз Британия, Олмон, Испания, Италия ва Фаронса мебошанд, ки ҳамчун созмондиҳандагони ин озмун ба ҳисоб мераванд.
Нидерланд бошад ба хотири он ки соли гузашта намояндааш ғолиб омад, аз ин хотир, ин кишвар низ ба даври финал роҳ пайдо кард.
Назарсанҷӣ
Манижа дар Евровидение ҷои чандум мегирад?
Ҳамин тариқ, мубориза барои пирӯзӣ дар финали Евровидение - 2021 байни Ҷангу Макрой бо суруди Birth Of A Age New from Holland, Ҷеймс Нюман - Embers (аз Бритониёи Кабир), Jendrik - I Don't Feel Hate (аз Германия), Бласом Канто - Voy A Quedarme (аз Испания), Måneskin - Zitti E Buoni (аз Италия), Барбара Прави - Voilà (Фаронса), Манижа - Russian Woman (аз Русия),(от России), Дестини Чукуньере - Je Me Casse (аз Малта ) сурат мегирад.
Пас аз баромади овозхонҳо, раъйдиҳӣ шурӯъ мешавад, ки дар он тамошобинони телевизион ва ҳакамони салоҳиятдори 39 кишвар ширкат мекунанд.
Кишваре, намояндаи он ғолиб меояд, мизбони Евровидение-2022 хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 май дар Роттердам нахустин даври нимниҳоии озмуни Евровидение 2021 баргузор шуд, ки дар он овозхонҳои 16 кишвар ҳунарнамоӣ карданд.
Марҳилаи дуввуми Евровидение - 2021 рӯзи 20 ба поён расид, аз 17 овозхон даҳ нафар низ ба финал баромаданд.
Лентаи хабарҳо
0