Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Аз обпошӣ то боздошти парвози нав: “Сибир” ба расонидани мусофирони бандмонда оғоз кард

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт Худжанд, архивное фото
Аэропорт Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Масъулин барои паврози ҳавопаймо аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳри Астрахани Русия иҷоза додаанд
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Бо гузашти як рӯз аз боздошти парвози ҳавопаймо, масъулини Агентии авиатсияи гражданӣ ба ширкати ҳавонавардии “Сибир” барои расонидани мусофиронаш аз фурудгоҳҳои Хуҷанду Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия иҷоза додаанд
Як намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бо гузашти як шабонарӯз, масъулин барои паврози ҳавопаймо аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳри Астрахани Русия иҷоза додаанд.
Ин ҳол мусофиронро хушҳол гардонидааст.
“Соати 1: 00 и шаби 22 май ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Астрахан парвоз кард. Ин хатсари нави чартерӣ аст. Одатан дар фурудгоҳҳои дунё аз роҳандозии парвозҳои нав хуш истиқбол намуда, тавассути мошинҳои сӯхторнишонӣ, барои бо барор шудани кор дар ду тараф ба таври рамзӣ аз болои ҳавопаймо об мепошанд”, афзуд намояндаи “Сибир”.
Ғайринтизор дар мо, парвози ин хатсайри нав як рӯз боз дошта шуд. Умедворем, ки минбаъд корамон бобарор бошад, таъкид кард вай.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид
Рӯзҳои 19 ва 20 уми май ширкати “Сибир” аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Астрахан, Кемерово, Барнаул ва Волгоград, чор парвозҳои чартерӣ ба нақша гирифта буд.
Аммо чунин парвозҳо бо сабаби ба гуфтаи масъулин гарон фурухта шудани билет аз сӯи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон боздошта шуд.
Бо гузашти як рӯз аз боздошти парвозҳо, масъулини Агентии авиатсияи гражданӣ ба шарти то 500 доллар поён бурдани қимати билетҳо, ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сибир” иҷоза додаанд.
Масъулони ин ширкат, гуфтанд, ки шаби гузашта тавассути ду ҳавопаймо мусофирон аз шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ба шаҳрҳои Астрахан ва Кемеровои Русия расонида шуданд. “Шаб ҳудуди 160 мусофир аз 580 нафар ба Русия расонида шуданд.
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвоз ба Кӯлоб иҷозат гирифт
Зуҳри имрӯз парвози ҳавопаймои гурӯҳи дигари мусофирон ба шаҳри Барнаул сурат гирифтааст.
Қарор аст, то шаб 197 мусофири дигар, ки ду шаб ба ин тараф дар Фурудгоҳи Кӯлоб мунтазири сафар ҳастанд, ба шаҳри Волгогради Русия расонида хоҳанд шуд”, гуфт намояндаи “Сибир”.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро ширкатҳои ҳавонавардии “Уралские авиалии”, “Сибир”, “Ют эйр”, “Северний ветер” ва овардани мусофирон аз Русия ба Тоҷикистонро танҳо ширкати “Сомон эйр” ба иҷро мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала