Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik.Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон дар назар аст.
Дар шарқи вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз борону сел давоми се рӯзи оянда
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда бориши сусти борон дар назар аст.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала