Бахилӣ накунед: супориши омодаи ҷои кор барои хатмкунандагон дар хориҷ ба Озода Раҳмон

© Пресс служба президента РТОзода Рахмон, архивное фото
Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Президент сопориши қатъӣ дод, то нафароне, ки аз ҳисоби давлат дар хориҷа таҳсил мекунанд, барояшон дар ватан ҷои кор омода карда шавад. Ӯ яке аз сабабҳои барнагаштани онҳоро бахилии мансабдорон номид
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини тоҷик дастур дод, ки барои ҷавонони дар хориҷа аз ҳисоби стипендияи Дурахшандагони Ҳукумат таҳсилкарда, ҷои кор омода кунанд.
Ӯ дар мулоқот бо ҷавонон, рӯзи 21 май ба раиси Дастгоҳи президент Озода Раҳмон ва вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода муроҷиат кард, ки ин қазияро таҳти назорати қатъии худ гиранд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2020
Норозигии президент аз дониши хатмкардаҳои донишгоҳҳои соҳаи тиб: ба сифат аҳамият диҳед
"Минбаъд нафарҳое ки аз ҳисоби Дурахшандагон мераванд, онҳое, ки мо равон мекунем, таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, дар ватан ба кор таъмин карда шаванд", - таъкид кард вай.
Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки бархе аз нафароне, ки равон карда шуда буданд, феълан дар хориҷ кор карда истодаанд.
"Як ду ҳодиса буд, омданд технолог ҳатто, аммо рафтанд. Ҳоло дар Маскав кор карда истодаанд", - таъкид кард президент.
Президент яке аз сабабҳои рафтани чунин кадрҳои болаёқатро бахлии мансабдорон номид.
"Бо айби мову шумо мансабдорҳо, анаҳамон бахилӣ. Ротатсия кардан даркор, ҷавонҳои болаёқатанд. Онҳо нобоварӣ мекунанд", - қайд кард вай.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, "дар кадом соҳа набошад, ҳатман баъди хатм ҷо ба ҷо кардан лозим".
Зимнан, раисҷумҳур таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷавононашро дар ҳамон соҳаҳое дар хориҷ мехононад, ки худ базаи омода кардани онҳоро надорад.
"Агар ҳамон мутахассис лозим бошад, равон кунед. Равон ки кардед, ҷои корашро ҳам оомда кунед", - таъкид кард вай.
Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 бо мақсади дастгирии шахсони болайоқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти ташкил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0