Қуттиҳои куҳнаи партовро аз кӯчаҳои Хуҷанд барчиданд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Дар кӯчаю хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд беш аз 30 адад қуттиҳои нави партов ҷойгир карда шуд.
Қуттиҳои фарсудашуда баъди таъмир ва рангу бор дар дигар нуқтаҳои партовгоҳ гузошта мешаванд.
Аз оғози соли равон дар якчанд кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъҳои партовгузорӣ қариб 90 адад қуттиҳо нав карда шуданд. Бо иқдоми роҳбарияти Хуҷанд қуттиҳои партови нуқтаҳои партов дар шаҳр марҳила ба марҳила таҷдид карда мешаванд.
Вакцинация от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Карантини ҳиндӣ”: бистарӣ шудани 15 нафар дар Хуҷанд
Тавре аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ин тадбир аз ҷониби КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд", ки муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта, барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳр масъул аст, роҳандозӣ мегардад.
Дар шаҳри Хуҷанд 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, ҳамарӯза аз ҷониби КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" партовҳо ҷамъоварӣ гардида, тибқи реҷаи махсус ин мавзеъҳо безарар гардонида мешаванд.
КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр ифлосиҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад.
Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 31 адад нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар намуда, партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.
КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" дар самти тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд аз тамоми воситаҳо истифода менамояд.
Лентаи хабарҳо
0