Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Даъвати Манижа аз мухлисон барои овоздиҳӣ ба ӯ: "биёед тағйирот кунем"

© AFP 2023 / KENZO TRIBOUILLARDРоссиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Рақами Манижа Сангин дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 - 5 аст
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Манижа Сангин зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 аз мухлисонаш даъват кард, ки ӯро дастгирӣ кунанд.
Овозхон дар саҳифааш дар Instagram акси тоза аз ҳунарнамоияш дар даври ниҳоӣ нашр карда навиштааст:
"Илтимос! Ба мо овоз диҳед! Рақами мо 5 !!! Биёед тағйирот мекунем, барои он, ки мо худ тағйирот ҳастем!!"
Манижа дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 бо баромади ҷаззобу фавқулода Манижа доварон ва тамошобинонро тасхир намуд.
Дар даври финалии ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 зодаи Тоҷикистон дар тан пироҳани калони чархдор дошт, ки аз пораи матоҳое, ки ҳаводорони ӯ аз тамоми гӯшаи Русия барои омода намудани ин либос ирсол намуданд, дӯхта шудааст.
Назарсанҷӣ
Манижа дар Евровидение ҷои чандум мегирад?
Ба ҷузъ аз пироҳани ғайриоддӣ Манижа дар сар рӯймоли калон бастааст.
Зимни баромад, Манижа ин пироҳани калонро мекашад ва дар либоси сурх бо навиштаҷоти Зани рус мемонад.
Матни суруде, ки бо он Манижа Русияро дар Евровидение муарифӣ мекунад. моли худи ӯст. Мусиқии ин суруд дар ҳамдастӣ бо оҳангсозони исроилӣ Ори авни ва Ори Каплан омода шудааст.
Омодагии Манижа ба озмуни Евровидение аз моҳи март шурӯъ шуд ва нахустин тамрини ӯ дар Роттердам авоили моҳи ҷорӣ сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0