Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Фахр мекунам": Манижа ҳунарнамоияш дар финали Евровидение - 2021 -ро шарҳ дод

© AP / Peter DejongМанижа в финале Евровидения
Манижа в финале Евровидения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекунад, дар бораи ҳунарнамоии худ изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Манижа, ки дар озмуни байналмилалии Евровидение - 2021 ба ҳайси намояндаи Русия ширкат кард, аз натиҷаи ниҳоӣ ифтихор мекунад.
Ба гуфти сароянда, ӯ хурсанд аст, ки тавонист ба 10 финалисти беҳтарини Евровидение - 2021 ворид шавад.
Манижа инчунин таъкид кард, ки вай дар финали Евровидение - 2021 сад фоиз додааст.
"Барои ман муҳимтар аз ҳама он буд, ки ҳама чизро 100% дар саҳна анҷом диҳам. Ва бо худ фахр мекунам. Барои ман хеле муҳим буд, ки дар бораи занон сӯҳбат кунам ва ман дар ин бора гуфтугӯро бас намекунам, дар бораи онҳо пештар сӯҳбат мекардам то "Евровидение" щам расидам, зеро шумо зеботарин ҳастед", - гуфт Манижа дар эфири Шабакаи Якум.
Зодаи Тоҷикистон ҳамчунин ба тамошобинон барои пазироии гарм изҳори сипос гуфт.
Ӯ нақл кард, ки тамошобинон ҳатто пеш аз ба саҳна баромадан ба ӯ кафкӯбӣ карданд.
Манижа на Евровидении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ҷои 9 Манижа бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021
"Вақте, ки ман ба пироҳани худ "даромадам" онҳо хеле баланд фарёд заданд ва дар тӯли ҳунарнамоӣ кумакам карданд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 май дар Роттердам даври ниҳоии озмуни Eurovision - 2021 баргузор шуд
Дар он намояндагони 39 кишвар ширкат варзиданд. Манижа аз Русия бо суруди Russian woman дар озмуни мусиқӣ баромад карда, натиҷаи овоздиҳӣ 204 хол ҷойи 9-умро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала